расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Вазири хориҷаи Ҳинд: Вазъи Афғонистон то ҳол мавриди таваҷҷуҳи СҲШ аст

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Вазири хориҷаи Ҳинд: Вазъи Афғонистон то ҳол мавриди таваҷҷуҳи СҲШ аст

Вазири умури кишвари раҳбарикунанда дар Созмони ҳамкории Шанхай ахиран дар як нишасте самтҳои асосии ин Созмонро эълон кард

Созмони Ҳамкории Шонгҳой вазъияти Афғонистонро бодиққат пайгирӣ дорад ва бояд ба мардуми ин кишвар кумак расонад.
Дар ин бора Субраманям Ҷайшанкар, вазири умури хориҷаи Ҳинд зимни ифтитоҳи нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои СҲШ дар Гоа изҳор дошт.
"Вазъияте, ки дар Афғонистон ба вуҷуд омадааст, мавриди таваҷҷуҳи мо боқӣ мемонад. Кӯшишҳои мо бояд ба беҳбудии мардуми Афғонистон равона карда шаванд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи дипломат, ироаи кумакҳои башардӯстона, мусоидат ба ташаккули ҳукумати воқеан фарогир ва намояндагӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ҳифзи ҳуқуқи занон, кӯдакон ва ақаллиятҳои СҲШ аз авлавиятҳои СҲШ мебошанд.
Оқои Ҷайшанкар ҳамчунин дар бораи мушкилоти терроризм, ки таҳдиди он коҳиш наёфтааст, таъкид кард.
"Мо мутмаинам, ки терроризмро сафед кардан ғайриимкон аст, ба он бояд дар ҳама шаклу зуҳурот, аз ҷумла терроризми фаромарзӣ ҷилавгирӣ кард. Мубориза бо терроризм яке аз роҳҳои аслии СҲШ аст", - таъкид кард ӯ.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 4-5 май дар шаҳри Панаҷӣ Ҳиндустон, ки феълан ин кишвар раёсати ин созмонро бар ӯҳда дорад, ҷараён дорад.
Тоҷикистонро дар ин нишаст Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи кишвар намояндагӣ мекунад.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.