расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёвро бо муваффақона гузаронидани раъйпурсӣ табрик кард

Асосӣ / Президент

Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёвро бо муваффақона гузаронидани раъйпурсӣ табрик кард

Аз тағйирот ба Конститутсияи ин кишвар 90,21%-и овоздиҳандагон ҷонибдорӣ карданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро бо муваффақона баргузор намудани раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ин кишвар табрик кард. Дар ин тағйирот дароз кардани муҳлати ваколатҳои президенти Ӯзбекистон аз 5 то 7 сол пешниҳод шуда буд.
“Натиҷаҳои раъйпурсӣ бори дигар боварии баланд ва дастгирии мустаҳками мардуми Ӯзбекистонро аз роҳи стратегии Шумо, ки ба рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ дар кишвар нигаронда шудааст, тасдиқ мекунад”, - омадааст дар барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон, ки хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон нашр кардааст.
Дар фарҷоми барқия президенти Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиаш комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳу некӯаҳволӣ ва пешрафти босубот орзу кардааст.
Бино ба маълумоти пешакии Комиссияи интихоботи Ӯзбекистон, рӯзи 30 апрел аз ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ин кишвар зиёда аз 15 млн нафар шаҳрвандон ё худ 90,21%-и овоздиҳандагон ҷонибдорӣ карданд.
Ислоҳот дар Конуститутсия бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сурат гирифт. Тибқи ин ислоҳот, ба 65%-и моддаҳои Қонуни асосии ин кишвар тағйирот ворид карда мешавад.
Ба Конститутсия 27 моддаи нав илова шуда, шумори онҳо аз 128 то 155 модда расонида мешавад. Шумори меъёрҳо аз 275 то 434 адад зиёд мешавад.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.