расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Баҳси ба расмият шинохтани Толибон. Изҳороти як мақоми СММ ҷанҷолбарангез шуд

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Баҳси ба расмият шинохтани Толибон. Изҳороти як мақоми СММ ҷанҷолбарангез шуд

Дар ҳоле, ки тасмими ҳукумати Толибон дар бораи манъи кори кори занон дар ҳама созмонҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла ниҳодҳои зертобеи СММ дар Афғонистон вокунишҳоеро дар сатҳи ҷаҳон ба миён овардааст, Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар ояндаи наздик нишасти байналмилалӣ баргузор хоҳад кард, ки дар он вазъияти Афғонистон ва ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Амина Муҳаммад, муовини дабири кулли СММ ҳини суханронӣ дар яке аз марказҳои таҳқиқотӣ дар Амрико гуфт, намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон аз ҷумла, дабири кулли СММ дар ин нишаст иштирок хоҳанд кард. Ҳанӯз маълум нест, ки ин нишаст дақиқан кай ва дар куҷо баргузор мешавад. Аммо бархе расонаҳо навиштанд, ки он дар Қатар доир хоҳад шуд.
Хонум Амина Муҳаммад ҳини суханронии худ ба гуфтугӯ бо гурӯҳи тундрави Толибон таъкид кард:
"Дар ду ҳафтаи ояндаи нишасте дар минтақа баргузор хоҳад шуд ва ин аввалин нишасти намояндагони кишварҳои ҷаҳон ва минтақа хоҳад буд, ки дабири кулли СММ дар он иштирок хоҳад кард. Интизор дорем, то дар ин нишаст роҳҳоеро пайдо кунем, ки бар асоси усул ва шароит оё метавонем ба тарафи ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон ҳаракат кунем? Ман намедонам, аммо бояд дар ин маврид баҳс шавад. Толибон хостори ба расмият шинохтан ҳастанд ва ин абзори фишори мост".
Амина Муҳаммад ин изҳоротро дар ҳоле баён кардааст, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода, раҳбари Толибон дар паёме ба муносибати Иди Фитр бори дигар ба "ислоҳи ҷомеаи Афғонистон ва татбиқи аҳкоми шариат", таъкид кардааст.
Ҳамзамон бо ин, Залмай Халилзод, намояндаи пешини ИМА дар умури Афғонистон рӯзи сешанбе дар "Твиттер" навишт, ки Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ дар аввали моҳи май мизбони нишасте дар мавриди Афғонистон хоҳад буд. Оқои Халилзода навиштааст, ки дабири кулли СММ ва намояндагони кишварҳои гуногун бояд бо Толибон барои эҷоди як тарҳ барои омӯзиш ва кори занони афғон ҳам нишасте баргузор кунанд.
ВОКУНИШҲО:
Дар ҳамин ҳол, анҷумане ба номи занони канадаӣ барои занони афғон аз СММ ва ҳамаи кишварҳои узви ин созмон хостааст, то ба хостаҳои занони афғон гӯш дода, бо Толибон робита надошта бошанд. Дар сафҳаи "Твиттер"-и ин анҷуман аз СММ хоста шудааст, ки Толибонро ба расмият нашиносанд, зеро бар асоси баёнияи онҳо, Толибон ба занони афғон зулм карда, ҳуқуқи миллионҳо танро дар Афғонистон зери по гузоштаанд.
Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба изҳороти муовини дабири кулли СММ гуфт, ки Толибон пас аз ба расмият шинохта шудан низ ба хостаҳои кишварҳои ҷаҳон таваҷҷуҳе нахоҳанд кард. Ин Шӯро гуфт, ки ин кор гурӯҳҳои террористиро ташвиқ мекунад, ки ҳукуматҳои машрӯъро сарнагун кунанд. Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон шомили бахши асосӣ аз нерӯҳои сиёсӣ ва ҷиҳодии пешин аст ва дар он афроде чун Абдурашид Дӯстум ва Атомуҳаммади Нур ҳузур доранд.
Бархе мунтақидон мегӯяд, ки СММ барои ба расмият шинохтани Толибон лобигарӣ мекунад. Аммо сухангӯи дабири кулли СММ рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба ин интиқодҳо гуфт, ки ба расмият шинохтани Толибон дар салоҳияти Созмони Милали Муттаҳид нест ва танҳо кишварҳои узви созмон дар ин маврид тасмим гирифта метавонанд.
Толибон ахиран кори занон дар ҳамаи созмонҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла Созмони Милалро манъ карданд ва аз ин рӯ, танишҳо байни ин созмон ва ҳукумати Толибон дар ҳоли афзоиш аст. СММ ҳушдор додааст, ки агар Толибон ба занон иҷозаи кор дар дафтарҳои ин созмонро надиҳанд, мумкин аст тасмим ба тарки Афғонистон бигиранд.
Ҳукумати Толибон ҳудуди 2 ҳафта пеш занонро аз кор дар дафтарҳои СММ дар Афғонистон манъ кард ва пеш аз он низ дар моҳи декабри соли гузашта кори занон дар ҳамаи идораҳои ғайридавлатиро манъ карда буд.

ozodi.org

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Eddiebrivy | Гости

    Существует много агрегаторов Москва авиабилеты - наш сайт особенно примечателен своими достоинствами в выборе. Помимо приобретения посадочных талонов, вы найдете массу полезной информации о городе, в который вам предстоит отправиться. Авиабилеты Москва - поиск на сайте простой и удобный, а дополнительные фильтры помогают быстро подобрать самые выгодные и комфортные варианты перелета. У нашей компании есть следующие преимущества: • возможность быстро сравнить предложения от разных авиаперевозчиков; • все цены сразу выводятся на экран; • надежность покупки; • сотрудничество только с проверенными авиакомпаниями; • возможность приобрести билеты по более низкой стоимости; Сайт авиабилетов Москва - Ваш лучший выбор в поиске авиабилетов по любому направлению перелетов! Похожие страницы сайта: авиакасса ангарск

  • cococc | Гости

    La montre est un accessoire important dans la vie de tous les jours. Il n’est pas surprenant que la plupart des gens recherchent des montres qui sont à la fois pratiques et élégantes. Les montre replique sont l’option parfaite pour ces personnes. Montre replique sont des répliques exactes des montres classiques et sont faites avec des matériaux de haute qualité. Elles sont également très abordables et offrent une grande variété de styles.
    replique montre
    meilleure replique montre
    rolex pas cher

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.