расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон бозори байнисарҳадии “Андархон” бунёд мешавад

Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон бозори байнисарҳадии “Андархон” бунёд мешавад

Ин бозор аз ҷониби кишвари Ӯзбекистон бо маблағи 8 млн доллар сохта мешавад.

Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сохтмони бозори байнисарҳадии “Андархон” санги асос гузошта шуд. Ин бозор барои рушди тиҷорати минбаъдаи ду кишвар замина мегузорад ва тоҷирони тоҷику ӯзбек маҳсулоти худро ба осонӣ хариду фурӯш мекунанд. Дар ин бора Музаффар Юсуфзода, сухангӯи раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дирӯз, 13-уми март, намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии “Андархон” иштирок намуданд.
Музаффар Юсуфзода гуфт, ин бозор аз ҷониби Ӯзбекистон дар марзи ду кишвар бунёд мешавад ва маблағи сохтмони он 8 млн доллар мебошад.
“Бозори байнисарҳадии “Андархон” дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯкони савдо, бонк, ошхона ва қаҳвахона, меҳмонхона, маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд”, - гуфт ӯ.
Юсуфзода афзуд, ки бо фаъол шудани марказ дар он маҳсулоти дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсолшаванда ба фурӯш бароварда мешаванд.
Гуфта мешавад, дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони вилоятҳо иштирок намудаанд.
Роҳбарони вилоятҳо ҳамзамон изҳори боварӣ намуданд, ки бозори байнисарҳадии “Андархон” дар афзоиши мубодилаи молу маҳсулот мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки то ин замон миёни сарҳадҳои Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Афғонистон бозорҳои наздимарзӣ фаъолият мекарданд.
То муноқишаҳои марзӣ, дар ҷамоати деҳоти Овчӣ – Қалъача, дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон ду бозори муштарак - “Вохӯрӣ” ва “Молбозор” фаъол буданд.
Ҳоло “Молбозор” пурра аз фаъолият бозмонда, бозорчаи “Вохӯрӣ”, ки дар баробари маҳсулот чандин нуқтаи сузишворӣ ҳам дорад, қисман фаъолият мебарад.
Дар ҳамин ҳол, то ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон бозори наздисарҳадӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Дарвоз ва Ишкошим фаъол буданд. Ҳар рӯзи шанбе шаҳрвандони Афғонистон ба бозори наздисарҳадии шаҳри Хоруғ меомаданд, то ки маҳсулоти зарурии ниёзи аввалия бихаранд. Савдо бо пули тоҷикӣ - сомонӣ ҷараён мегирифт. Ҳоло маълум нест, ки ин бозорҳо имрӯз ҳам фаъол ҳастанд ва ё на.

asiaplus

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • ค่ายเกมส์ที่ให้บริการ | Гости

    pg เว็บ ตรง เล่นง่ายดาย มากยิ่งขึ้น ด้วยระบบ ตัวเกมส์ ที่มีการแจกรางวัล แจ็คพ็อตจากเกมส์ PG SLOT แตกง่าย แตกหลายครั้ง ที่สุดในบรรดา ค่ายเกมส์ที่ให้บริการ เกมสบล็อตออนไลน์

    สล็อต PG ฟรี เครดิต เป็นเกมสล็อตออนไลน์ที่เป็นที่นิยมในตอนนี้ มีอะไรบ้างที่คุณจะได้รับหากเล่นเกมสล็อต PG SLOT ฟรีเครดิต?

  • slotpg | Гости

    ทดลองเล่นสล็อตทุกค่ายชั้นนำ ทดลองเล่นpg ทดลองเล่นสล็อตทุกค่าย ฟรีไม่มีค่าใช้จ่าย ไม่ต้องสมัครสมาชิกก็เล่นได้ทุกเกม

    ศูนย์รวมเกม ทดลองเล่นสล็อตฟรี ทุกค่าย PG ล่าสุด สล็อตทดลอง ทดลองเล่นเกมสล็อตได้ทุกเกม จากทุกค่าย ต้องการเล่นเกมสล็อตออกใหม่

    ศูนย์รวมเกมสล็อตครบทุกค่ายชั้นนำ ไม่ต้องสมัครเล่นได้เลย ทดลองเล่นมาจองเว ท่านสามารถ ทดลองเล่นสล็อต ฟรีกับเราได้ทันที

     รวมเกมแตกง่าาย ใหม่มาแรง พร้อมอัพเดททุกวัน สล็อตฟรี  รับโบนัสฟรีสปินทันที ไม่ต้องฝาก ถอนได้เงินจริง

    เกมแตกง่ายที่สุด รวมมากกว่า 1,000 เกม ทดลองเล่นสล็อต pg ไม่ เด้ง เล่นได้ตลอด 24 ชั่วโมง ไม่มีวันหยุด สามารถเล่นได้บนมือถือ ทุกที่ทุกเวลา

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.