расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Пас аз Эрон, Туркия низ консулгарии Афғонистонро ба Толибон супорид

Асосӣ / Сиёсат

Пас аз Эрон, Туркия низ консулгарии Афғонистонро ба Толибон супорид

Коршиносон мегӯянд, ин заминасозӣ барои ниҳодӣ шудани низоми давлатдорӣ дар Афғонистон аст.

Консулгарии Афғонистон дар Истамбул ба намояндагони Толибон* супорида шуд ва фиристодаи ин гуруҳ аллакай корро оғоз кардааст. Дар ин бора хабаргузории “TOLOnews” бо такя ба Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин бора Зиё Аҳмад Такал, муовини сухангӯи сарпарасти вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон иттилоъ дода, гуфтааст, “аз рӯзи душанбе дипломатҳои вазорати корҳои хориҷа дар Истамбули Туркия ба кори худ расман оғоз карданд”.
“Пас аз ин, дар баробари фаъолиятҳои дипломатӣ бо Туркия, талошҳо барои ироаи хадамоти консулгарӣ ба шаҳрвандони ин кишвар сурат хоҳад гирифт”, - афзудааст масъули Толибон.
“TOLOnews” бо такя ба андешаи коршиносоне хеш менависад, ки “Толибон аз ин роҳ тағйирот ҷорӣ мекунанд, тағйироти воқеӣ на, танҳо ба таҳкими низоми бароҳмонда, ҳамчунин, расмӣ ва ниҳодӣ шудани Иморати Исломӣ замина мегузоранд”.
Гуфтан ба маврид аст, ки то кунун ҳеҷ кишваре Толибонро ба расмият намешиносад, аммо қаблан шуморе аз кишварҳо чун Русия, Покистон, Чин, Эрон ва Туркманистон сафорат ва консулгариҳои Афғонистонро ба намояндагони Толибон дода буданд.
Охири ҳафтаи гузашта Сафорати Афғонистон дар Теҳрон низ ба намояндагони Толибон супорида шуда, сафири навтаъйини ин гурӯҳ расман корашро дар Эрон оғоз карда буд.
Аз сӯи дигар, ҳоло аксари сафоратхонаҳои Афғонистон дар кишварҳои хориҷӣ таҳти назорати дипломатҳои ҳукумати қаблӣ қарор доранд.

asiaplustj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.