расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар Душанбе 3 нафаре, ки роҳкироро надода, ронандаи таксиро латукӯб карданд, боздошт шуданд

Асосӣ / Ҷомеа

Дар Душанбе 3 нафаре, ки роҳкироро надода, ронандаи таксиро латукӯб карданд, боздошт шуданд

Кормандони милитсия ба гумони авбошӣ се нафар сокинони шаҳри Душанберо боздошт намуданд. Онҳо аз пардохти маблағи роҳкиро саркашӣ намуда, таксиронро латукӯб намуданд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, кормандони милитсия аз рӯи ин далел Меҳроҷиддин Сафарови 29-сола, Парвиз Маҳмадраҳимови 29-сола ва Шаҳбоз Муқимови 30-соларо боздошт кардаанд.
“Шоми рӯзи 23 феврал онҳо ба таксӣ нишаста, қариб 3 соат бо он дар шаҳр сайругашт кардаанд. Дар назди беморхонаи “Истиқлол” аз мошин фаромада, аз пардохти 100 сомонӣ маблағи роҳкиро тибқи ҳисобкунак саркашӣ мекунанд ва илова бар ин, ронандаи таксиро мавриди латукӯб қарор медиҳанд”, - омадааст дар хабари Раёсат.
Ронанда рафтори онҳоро дар камераи телефони мобилии худ сабт мекунад ва маҳз ҳамин навор ҷиҳати исботи даст доштани шахсони дар боло зикршуда ба ин ҷиноят далел мешавад.
Дар Раёсати ВКД-и пойтахт зикр мекунанд, ки “дар амалҳои гумонбаршудагон содир гардидани ҷиноят мутобиқи аломатҳои моддаи 237 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Авбошӣ) ба назар мерасад.
“Айни замон масъалаи оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи ин далел баррасӣ мешавад”, - иттилоъ медиҳад милитсияи пойтахт.
Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷарима дар ҳаҷми аз 500 то 1 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 34 ҳазор то 68 ҳазор сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

asiaplustj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Kina Quinones | Гости

    Hey there, Are you still using orien.info ? Just like me, you don't write enough new articles. https://bit.ly/3Jyhr88 If you want more money you need new articles every month. I know it is hard to write. But with this tool it only takes 3 minutes to write a great article. Think about how much more money you will make. https://bit.ly/3Jyhr88 You'll thank me later... Cheers, Kina

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.