расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Баррасии саҳми сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар таҳкими муносибатҳо

Асосӣ / Сиёсат

Баррасии саҳми сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар таҳкими муносибатҳо

Конфронси илмиву амалӣ доир ба арёзбии фаъолияти президентҳо дар Душанбе.

Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Бо ташаббуси Тоҷикистон рӯзҳои 14-15 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар таҳким ва рушди ҳамкории бисёрҷабҳа ва дӯстӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон” конфронси илмиву амалӣ баргузор мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар кори конфронс гурӯҳи сершумори сииёсатмадорону коршиносон ва олимони ҳар ду кишвар иштирок мекунанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои кори конфронс дар Душанбе ва Тошканд бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ ва русӣ китобу брошюраҳо нашр мешаванд, ки фарогири гузоришҳои конфронс хоҳанд буд.

Қобили зикр аст, ки пас аз сари мансаби сарвари давлати Ӯзбекистон омадани Шавкат Мирзиёев фазои муносибатҳо байни ҳамсоякишварҳо куллан дигаргун шуд. Ҳар ду ҷониб тасмим гирифтанд, ки ба ҷанги сард хотима бахшида, ба асосҳои шарикии стратегӣ замина мегузоранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.