расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили боз кардани сарҳадҳоро баррасӣ мекунанд

Асосӣ / Сиёсат

Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили боз кардани сарҳадҳоро баррасӣ мекунанд

Дар гуфтушунид инчунин масъалаи барқарор намудани алоқаи ҳавоӣ мувофиқа мешавад.

Сурат: Газета.uz
Дар Душанбе рӯзҳои 28-29 сентябр баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар назар аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳамтои ӯзбеки ӯ Абдулло Орипов мебошанд.
Ҷонибҳо масъалаҳои боз намудани сарҳад ва барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни давлатҳоро, ки бар асари пандемияи сирояти коронавирус нимаи моҳи март баста шуда буд, мувофиқа мекунанд.

Дар ҷаласа ҷонибҳо ният доранд, ки масоили марбут ба густариши савдои дуҷониба, лоиҳаҳои сармоягузории муштарак, тавсеъаи робитаҳо дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия, муносибатҳо байни минтақаҳоро баррасӣ намоянд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масъалаи ҳаҷми интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва нархи онҳо дар соли оянда низ мувофиқа мешаванд.

Соли гузашта аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон бо нархи 2 сенти амрикоӣ барои 1 киловатт 1 млрд 425,1 млн кВт/соат неруи барқ интиқол дода шуд. Маблағи умумии содироти барқ аз Тоҷикистон ба ҳамсоякишвар 28,5 млн долларро ташкил дод.
Соли 2019 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ба маблағи 17,7 млн доллар 140 млн метри мукааб гази табиӣ харид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.