расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов. Нерӯҳо аз маҳалли муноқиша берун кашида мешаванд

Асосӣ / Сиёсат / Ҳаводис

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов. Нерӯҳо аз маҳалли муноқиша берун кашида мешаванд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пас аз нисфирӯзии имрӯз, 16-уми сентябр, дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон, мулоқот карда, вазъ дар сарҳади ду давлатро баррасӣ карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон хабар медиҳад.

Тавре хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон хабар медиҳад, “роҳбарони ду давлат мувофиқа кардаанд, ки ба мақомоти дахлдор оид ба қатъи оташ ва баровардани нерӯ аз хати муноқиша, дастур хоҳанд дод”.
Дар ин хабар гуфта мешавад, ки роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, дар макони ҳодиса фаъолият бурда, комиссияи махсус, барои таҳқиқи ҳолат ва сабабҳои муноқиша, ташкил карда мешавад.
Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки ҷонибҳо ҷиҳати тезонидани кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ низ ба мувофиқа расиданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки чанд соат пештар аз ин мулоқот, роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев низ мулоқот ва барои эълони оташбас мувофиқа карда буданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод, ки дар натиҷа як марзбони тоҷик кушта ва чанде захмӣ шуданд.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.