расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эрдуғон Ғарбро муттаҳам кард, ки нисбати Русия сиёсати "нодуруст" пеш гирифтааст

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Эрдуғон Ғарбро муттаҳам кард, ки нисбати Русия сиёсати "нодуруст" пеш гирифтааст

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон бар ин назар аст, ки кишварҳои Ғарб нисбати Русия сиёсати "нодуруст" ва "иғвогарона"-ро пеш гирифтаанд.

Дар ин бора Эрдуғон дар сафараш ба Сербистон изҳори назар кард. Вай бо президенти Сербистон Александр Вучич мулоқот кард.
Эрдуғон даъват кард, ки "Русия бо чашми кам дида нашавад" ва ҳамзамон гуфт, Туркия дар низои Русияву Украина "тавозун"-ро риоя мекунад.
Ин дар ҳолест, ки Туркия узви НАТО аст. НАТО дар навбати худ бидуни чуну чаро аз Украина ҳимоят ва ҳамлаи Русияро маҳкум мекунад. Ҳам Эрдуғон ва ҳам дигар масъулони баландпояи Туркия борҳо гуфтаанд, ки Қримро ҳудуди Украина медонанд. Бо ин вуҷуд Туркия нисбати Русия таҳрим ҷорӣ накардааст. Баъди ҳамлаи Русия ба Украина Эрдуғон борҳо ҳам бо президенти Украина ва ҳам Русия мулоқот кардааст.

Манбаъ


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.