расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Забеҳуллоҳ Муҷоҳид: Итминон медиҳем, ки аз хоки Афғонистон ба ҳамсояҳо хатар таҳдид намекунад

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид: Итминон медиҳем, ки аз хоки Афғонистон ба ҳамсояҳо хатар таҳдид намекунад

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* зимни як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя таҳдид намекунад, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии Ariana News.

“Сад дар сад итминон медиҳем, ки аз хоки Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа, аз ҷумла Русия ҳеҷ таҳдиде сурат намегирад”, – иброз дошт Муҷоҳид.
Ӯ дар идома гуфт, ки Имороти исломӣ ба хотири суботи кишвари худ, оромиши мардуми он вазифадор аст, то амнияти комилро дар Афғонистон таъмин кунад.
“Афғонистон ҷое нест, ки кадом кишвари дигаре аз он ҷо таҳдид шавад ва ё хатареро эҳсос кунад”, – илова кард сухангӯи Толибон*.
Изҳороти сухангӯи Толибон* дар ҳоле интишор меёбад, ки дирӯз хабаргузории EADaily бо истинод ба Марс Сариев, сиёсатшиноси қирғиз навишт, ки “то моҳи октябри соли ҷорӣ гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон метавонанд ба Осиёи Марказӣ ва маҳз ба Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом диҳанд”.
“Нерӯҳои НАТО барои Толибон* бисёр аслиҳа ва техникаи низомӣ боқӣ гузоштанд. Дар баробари ин, ҳаракат таҷрибаи мусбати идоракунии давлатӣ ва таъмини ҳаёти осоишта надорад. Фикр мекунам, стратегҳои Ғарб ба он умед мебанданд, ки Толибон* аз ӯҳдаи идораи кишвар набаромада, барои ҷангидан ба кишварҳои ҳамсоя мераванд. Яъне он чиро, ки аз ҳама беҳтар аз дасташон меояд, анҷом хоҳанд дод”, - иқтибос овард ин хабаргузорӣ.
Ин хабаргузорӣ ҳамчунин бо истинод ба Сайфулло Сафаров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, гуфт, пас аз ба қудрат расидани Толибон* таҳдидҳо дар минтақа ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.
“Онҳо ба амнияти Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”, - иброз доштааст Сайфулло Сафаров.
Илова бар ин, дирӯз сомонаи “Военное дело” навишт, ки бино ба мушоҳидаи онҳо, “Толибон* қувваҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбии худро ба сарҳади Тоҷикистон наздик меоранд”.
Ҳамчунин, пойгоҳи иттилоотии “Avia.pro” навишт, ки “таҳдид ҷиддӣ ва воқеӣ ба назар мерасад, чун агар қаблан дар минтақаҳои ҳамсарҳад бо Тоҷикистон танҳо дастаҳои бузурги ҷанговарон дида мешуданд, ҳоло мушоҳида мешавад, ки тахникаи ҳарбӣ низ интиқол медиҳанд ва ин аз омодагии ҳуҷуми ҷиҳодиҳо гувоҳӣ медиҳад”.

asiaplustj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.