расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Даромади ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд, аммо сифати ва хизматрасонии онҳо рӯз аз рӯз бад.

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Даромади ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд, аммо сифати ва хизматрасонии онҳо рӯз аз рӯз бад.

Ширкатҳои мобилии хусусии Тоҷикистон зарфи ҳафт моҳи соли ҷорӣ 4,9% даромади бештар гирифтаанд. Даромади операторҳои миллӣ низ зиёд шудааст

Даромади ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон давоми ҳафт моҳи гузашта ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи кишвар, даромади софи ширкатҳои мобилӣ бештар аз 1,6 миллиард сомонӣ ва ё зиёда аз 155 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ин нишондиҳандаи даромад нисбат ба ҳамин давраи соли қабли 218 миллон сомонӣ бештар будааст.
Ҳамзамон, даромади оператори миллии мухобиротӣ (Тоҷиктелеком), Корхонаи воҳиди давлатии "Почтаи Тоҷик" ва воҳидҳои Хадамоти алоқа 4,9% боло рафтааст.
Даромади операторҳои миллӣ 97,7 миллион сомониро ташкил кардааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳиссаи ширкатҳои хусусӣ дар бозори хизматрасонии алоқа 94,4 дарсадро ташкил дод.
Маврид ба зикр аст, ки дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон ширкатҳои ҶСП "Индиго Тоҷикистон" (Tcell), ҶСП "ТТ-Мобайл" (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП "Вавилон Мобайл" ва ҶДММ "Таком" (ZetMobile, собиқ Билайн) пештозанд.
Бинобар охирин додаҳои ин ниҳод, шумораи умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 7,9 млн ададро ташкил медиҳад, ки беш аз 5,4 млн фаъол мебошанд. Теъдоди корбарони интернет дар кишвар 3,5 миллион гуфта мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.