расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Чаро маҳсулот бисёру нархҳо дар осмон?

Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

Чаро маҳсулот бисёру нархҳо дар осмон?

Маркази матбуоти Вазорати кишоварии ҷумҳурӣ аз афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар Тоҷикистон хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7, 2 % афзудааст.

Тибқи маълумоти манбаъ, истеҳсоли моҳӣ нисбат ба соли гузашта дар ҷумҳурӣ 26, 5%, гӯшти мурғ 11, 5%, тухми мурғ 24,5%, мева 12,1%, ангур 11,2%, тарбузу харбуза 7,6% ва ғаладонагиҳо 5,9% зиёд шудааст. Истеҳсоли дигар навъҳои маҳсулоти кишварзӣ аз 2 то 5 % афзудааст.

Ҳамин тавр дар шаш моҳи соли 2022 дар ҷумҳурӣ: 1 ҳазору 145 тонна моҳӣ 576,1 млн.дона тухми мурғ 20,3 ҳазор тонна гӯшти мурғ 116,3 ҳазор тонна мева 2,4 ҳазор тонна ангур 283 ҳазор тонна тарбузу харбуза ва 688 ҳазор тонна ғалладона истеҳсол шудааст.

Маъмулан вақте истеҳсоли маҳсулот афзоиш меёбад, нархҳо ба таври табиӣ ба маротиб поён мераванд, вале аҷибаш он аст, ки бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурии мо нарху наво дар бозорҳо ба осмони ҳафтум дакка хӯрда, ҳамёни бе ин ҳам хароби мардумро торафт харобтар карда истодаанд.

Таври мисол нархи тухм солҳои пешин аз 50 то 70 дирамро ташкил медод, вале имсол якбора ду маротиба боло рафта, дар арафаи иди қурон арзиши як дона тухм то ба 1 сомониву 40 дирам расид.

Саволе ба миён меояд, ки пас 576,1 млн.дона тухми мурғ, ки дар бадали шаш моҳи охир истеҳсол шудааст, ба куҷо рафтаву кӣ аз афзоиши тухми мурғи тоҷикӣ манфиат мебинад? Нархи дигар намудҳои маҳсулот низ нисбат ба солҳои пешин ду-се маротиба болотар рафта, махсусан болоравии нархи орд мардумро сахт ба ташвиш овардааст.

Мардуми тоҷик серфарзанд буда, орд, шакар, равған, биринҷ ва макорон аз зумраи маҳсулоти ниёзи аввал ба шумор меравад, зеро на ҳама имкони ҳар рӯз хӯрокҳои сергӯшт хӯрданро доранд.

Мардум кӯшиш мекунанд, ки норасии гӯштр бо тухм ва меваю сабзавот пур кунанд, бинобар ин, хуб мешуд, ки масъулин ақаллан нархи орду равғану бирин ва дигар навъҳои маҳсулотеро, ки рӯзмарра ба мардум зарур ҳастанд, зери назорат бигиранд. 



 Сарчашма:​оила тҷ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.