расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Қарори Путин дар Ҷопон дастгирӣ ёфт

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Қарори Путин дар Ҷопон дастгирӣ ёфт

Киев президенти Русия Владимир Путинро маҷбур кард, ки дар Украина амалиёти вижа анҷом диҳад.

Дар ин бора вакили палатаи болоии парлумони Ҷопон Мунео Сузуки гуфт.

Ба гуфтаи вай, аксарият амалиёти вижаи ҳифзи Донбассро танҳо аз як тараф, бидуни назардошти арзёбиҳои воқеъбинонаи таърих ва авомили вазъ арзёбӣ мекунанд.

"Путин маҷбур шуд, ки амалиёти вижаи низомиро оғоз кунад. Ва шумо бояд дар ин бора бо хуни сард андеша кунед, то манофеи давлати худро ҳифз кунед. Ман бовар дорам, ки сабабе буд", - таъкид кард Сузуки.

Вай ёдовар шуд, ки Украина ба ваъдаҳояш, ки чанд сол пеш зери оеҳо имзо гузошта буд, хиёнат кард.

"Чаро Путин ба ин кор даст зад? Соли 2014 раванди Минск-1 оғоз шуд. Соли 2015 Минск-2 сурат гирифт. Кӣ ин созишномаҳоро иҷро накард? Дар ин ҷо, ба фикрам, масъулияти Украина вазнин аст", - гуфт сиёсатмадор.


Дар ҳамин ҳол, Судзуки тавзеҳ додааст, ки "касе, ки корро аввал оғоз кард - хато аст, аммо касе, ки сабаби ин корро эҷод кардааст, низ масъул аст".

Ёдовар мешавем, ки Мунео Судзуки узви палатаи болоии парлумон аз ҳизби "Ниппон Исин" (Ҳизби навсозии Ҷопон) мебошад.

Ӯ бо таваҷҷуҳ ба имзои созишномаи сулҳ ва рушди равобити дуҷониба бо Русия маъруф аст.


Судзуки мушовири собиқ сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ буд, ки он замон муносиботи байни ду давлат фаъолона инкишоф меёфт.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.