расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Болоравии рубл ва коҳиши доллару евро дар Тоҷикистон

Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

Болоравии рубл ва коҳиши доллару евро дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъор дар кишварро нашр кардааст, ки тибқи он рубли русӣ мавқеъашро беҳтар кардааст.

Ба ин тартиб, пули русӣ дар Тоҷикистон боло рафта ҳамакнун 177 сомонӣ барои ҳазор рубли русӣ муқарар шудааст, дар ҳоле, ки ҳафтаи гузашта дар сатҳи 175 сомонӣ буд.

Зимнан, дар дигар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ, нишондиҳандаҳо метавонанд каме баландтар бошанд.


Пули амрикоӣ бошад, мавқеъи худро аз даст додааст. Агар ҳафтаи гузашта он дар сатҳи 11,30 сомонӣ барои як доллар буд, пас ҳамакнун 11,19 муқаррар шудааст.

Пули аврупоӣ низ дар давоми рӯзҳои истироҳат коҳиш ёфт. Танзимгари асъор дар Тоҷикистон қурби евроро 11,85 сомонӣ барои як евро муқаррар кардааст. Ин дар ҳолест, ки пеш аз рӯзҳои истироҳатӣ қурби евро 12,16 сомонӣ барои як евро буд.


Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:

1 доллари ИМА аз 11.1990 то 11.1000 сомонӣ;1 евро аз 11.8351 то 11.7000 сомонӣ;1 рубли русӣ аз 0.1770 то 0.1800 сомонӣ.

Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.

Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.