расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Песков дар бораи интиқоли силоҳ аз Амрико ба Киев гуфт

Асосӣ / Иқтисодиёт / Ҳаводис / Ҷаҳон

Песков дар бораи интиқоли силоҳ аз Амрико ба Киев гуфт

Сухангӯи раисҷумҳури Русия интиқоли силоҳи ИМА ба Украина хоҳиши ин кишварро барои азсаргирии мусозирот бо Русия ба вуҷуд намеорад, мегӯяд сухангӯи кишвардори Русия Дмитрий Песков.

Бояд гуфт, як рӯз пеш сухангӯи Кохи сафед изҳор карда буд, ки Иёлоти Муттаҳида Украинаро дар зарба задан ба Русия ташвиқ намекунад ва даъват намудааст, ки дар ин кор аз силоҳҳои ирсолнамудаи Амрико, бахусус HIMARS истифода накунанд.

Дар ҳамин ҳол Иёлоти Муттаҳида нақша дорад, ки ба Киев системаҳои мушакии чандкаратаи HIMARS -ро дар доираи бастаи нави кумаки низомӣ таъмин кунад. Ин система метавонад ҳадафро дар масофаи 80 киломтер нобуд кунад.

"Мо аллакай гуфта будем, ки дар ин ҷо ҳеҷ чизи наве нест. Мо бовар дорем, ки Иёлоти Муттаҳида ҳадафмандона ва боғайратона ба оташ рӯған мерезад. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад то охирин украинӣ ин низоъро ҳифз кунад", - тавзеҳ додааст Песков.

Ба бовари Песков, Амрико бо ирсол намудани кумакҳои навбатии низомӣ хоҳиши аз сар гирифтани музокироти Украина бо Русияро хомӯш мекунад.

Ӯ гуфт, Русия ба ин кор бо назари манфӣ менигарад.

Қаблан Ҷо Байден ҳадафи Амрико дар низои Укараинаро шарҳ дода буд. Ӯ гуфта буд, ИМА ва муттаҳидонаш то "дучори ҳамла нашудан" мустақиман дар низоъ миёни Русия ва Украина ширкат нахоҳанд кард.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.