расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Толибҳо: То кунун 110 ҳазор нерӯ ба артиши миллӣ ҷазб шудааст

Асосӣ / Ҳаводис / Ҷаҳон

Толибҳо: То кунун 110 ҳазор нерӯ ба артиши миллӣ ҷазб шудааст

Муҳаммад Ёқуб, сарпарасти Вазорати дифои толибон гуфт, ки то кунун 110 ҳазор сарбоз дар ба сафи артиши миллии ин кишвар ҷалб шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Бохтар”.

"Дар ҳоли ҳозир 110 ҳазор сарбоз ба сафи артиши миллии нав ҷалб шудаааст", - афзуд вай.

Ҳамчунин сарпарасти Вазорати дифои толибон қайд кард, ки ҳоло барои таъсиси урдӯгоҳҳои муқаррарӣ барои артиш талошҳо идома доранд.

Дар авоили моҳи августи соли 2021 толибон ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш доданд. Рӯзи 15 августи соли гузашта нерӯҳои толибон вориди шаҳри Кобул шуданд ва қасри раёсатҷумҳуриро таҳти назорати худ қарор доданд.

Чанде пас хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз мақоми худ канор рафта, ин кишварро тарк кардааст. Субҳи 16 августи соли 2021 толибон эълон карданд, ки ҷанги 20-сола дар Афғонистон ба поён расид.

Мақомоти толибон худи ҳамон рӯз дар бораи ҳукумати мувақатӣ эълон карданд ва гуфтанд, ки шакли ҳукумати ояндаи Афғонистон базудӣ эълон хоҳад шуд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.