расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Теъдоди гурезаҳо дар Русия аз Донбассу Украина аз 1 млн нафар гузашт

Асосӣ / Сиёсат / Ҳаводис / Ҷаҳон

Теъдоди гурезаҳо дар Русия аз Донбассу Украина аз 1 млн нафар гузашт

Шумораи гурезаҳое, ки аз Украина ва ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луганск ба Русия омадаанд, аз 1 млн нафар гузашт, хабар дод РИА "Новости" аз қавли манбааш дар мақомоти изтирорӣ.

"Ба ҳолати 06:00-и 27 апрел теъдоди онҳое, ки аз ҶХД, ҶХЛ ва Украина вориди Русия шуданд, 1 млну 4 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки ҳудуди 182 ҳазор нафарашон кӯдак мебошанд", - изҳор дошт мусоҳиби хабаргузорӣ.

Мақомоти марзбонии Хадамоти амнияти федералӣ дар вилояти Ростов изҳор доштанд, ки тайи шабонарӯзи гузашта ҳудуди 13,5 ҳазор нафар вориди ин кишвар шудаанд.

Дар ҳамин ҳол ба ҳолати 26 апрел кумаки яквақта дар ҳаҷми 10 ҳазор рубл ба 120 ҳазор гуреза пардохт шудааст. Дар маҷмуъ 223 ҳазор дархост ворид гардидааст, афзуд манбаъ.

Ахиран комиссари олии паноҳандагони СММ иттилоъ дод, ки аз замони оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ҳудуди 5,2 млн украинӣ ин кишварро тарк кардаанд. Ҳамчунин СММ эълом кардааст, ки беш аз 7,7 миллион украинӣ дар дохили ин кишвар овора шудаанд.

Интиқоли васеи шаҳрвандон аз Донбасс нимаи моҳи феврали соли равон дар пасманзари ташаннуҷи вазъ оғоз гардид. Баъдан Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.

Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".

Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.