расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Муовини вазири пешини Итолиё: Вазъи Украина боиси заифшавии Аврупо мешавад

Асосӣ / Сиёсат / Ҳаводис / Ҷаҳон

Муовини вазири пешини Итолиё: Вазъи Украина боиси заифшавии Аврупо мешавад

Мишел Герачӣ, муовини вазири пешини рушди иқтисодии Итолиё гуфт, ки вазъ дар Украина метавонад боиси заифшавии кишварҳои Аврупо шавад, зеро ба иқтисодиёт хисороти ҷиддие мерасад.

“Мо таҳримҳо дар бахши энержиро бо назардошти он ҷорӣ мекунем, ки ба иқтисоди Русия зиён расонида шавад. Аммо таҳримҳо танҳо ба иқтисоди Иттиҳодияи Аврупо зиёни бештар мерасонанд”, гуфт ӯ дар суҳбат бо хабаргузории Синхуа.

Ба гуфтаи Герачӣ, Итолиё, Олмон ва як қатор кишварҳои Аврупои Шарқӣ дар вазъияти душвор қарор хоҳанд гирифт.

"Мо ҳама корро нодуруст мекунем. Мо маҳдудиятҳои содиротро ҷорӣ мекунем, ки танҳо ба мо зиён мерасонад", - афзуд ӯ.
Собиқ муовини вазир муътақид аст, ки таҳримҳо самаранок нестанд.

"Барои ҳалли ин мушкилот мо бояд бо Русия бо роҳи дипломатия кор кунем. Мо бояд на танҳо тарафи Киевро шунавем, балки ба назари Маскав ҳам бояд гуш бидиҳем”, - таъкид кард вай.

Кишварҳои ғарбӣ дар вокуниш ба амалиёти вижаи Русия барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина таҳримҳои зиёде ҷорӣ карданд.

Шуморе аз ширкатҳои хориҷӣ эълон карданд, ки бозори Русия тарк мекунанд ва корхонаҳои истеҳсолии худро мебанданд. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ширкатҳои ғарбӣ, ки аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, зери фишори шадид қарор доранд, аммо Русия ҳама мушкилоти иқтисодиеро, ки Ғарб барои эҷод мекунад, ҳал хоҳад кард.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.