расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СММ гуфт, аз оғози амалиёти Русия 5 миллион нафар Украинаро тарк кард

Асосӣ / Сиёсат / Ҳаводис / Ҷаҳон

СММ гуфт, аз оғози амалиёти Русия 5 миллион нафар Украинаро тарк кард

Тибқи маълумоте, ки дар портали комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон нашр шудааст, беш аз панҷ миллион нафар аз 24 феврал то 19 апрел қаламрави Украинаро тарк карданд.

Дар давоми қариб ду моҳ 5 031 306 нафар Украинаро тарк карданд. Дар ин муддат 550 ҳазор нафар вориди Русия шудаанд. Ҳамчунин 2,8 миллион вориди Лаҳистон шуда, 757 ҳазор ба Руминия , 471 ҳазор ба Маҷористон, 427 ҳазор ба Молдавия рафтаанд ва 343 ҳазор вориди Славакия гардидаанд.

Гуфта мешавад, 23 ҳазор гурезаи украинӣ марзи Беларусро гузаштааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии марзбонии Беларус, дар як рӯзи гузашта 150 украинӣ вориди Беларус шудаанд. Кумита ёдовар шуд, ки гузаргоҳҳои Беларус дар марз бо Украина ба таври муқаррарӣ кор мекунанд.

Кумита ҳамчунин афзуд, ки дар ҳоли ҳозир барои ворид шудан ба Беларус санҷиши ПСР талаб карда намешавад.

Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".

Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.

Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.

Сарчвшма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.