расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳушдори раисҷумҳури Эрон: Дар сурати таҳдид маркази Исроилро ҳадаф қарор медиҳем

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Ҳушдори раисҷумҳури Эрон: Дар сурати таҳдид маркази Исроилро ҳадаф қарор медиҳем

Саидиброҳими Раисӣ, раисиумҳури Эрон дар маросими таҷлили Рӯзи миллии артиши Ҷумҳурии Исломӣ эълон кард, ки кишвараш агар ба кӯчактарин таҳдид аз ҷониби Телавив рӯ ба рӯ шавад, манотиқи марказии Исроилро ҳадаф қарор хоҳад дод, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба “Тасним”.

"Агар Исроил дар пайи ба эътидол овардани равобит бо бархе аз кишварҳои минтақа талош кунад, медонад, ки кӯчактарин ҳаракаташ аз назари мо дур нахоҳад монд. Агар ҳатто кӯчактарин иштибоҳе аз ҷониби ин кишвар содир шавад, мо ҳамон лаҳза манотиқи марказии Исроилро ҳадаф қарор медиҳем", - гуфт Раисӣ.

Ёдрас менамоем, ки Саидиброҳими Раисӣ моҳи июни соли 2021 дар интихоботи раёстҷумҳурии Эрон пирӯз шуд.

ибқи натиҷиҳои пешакии 13-умин интихоботи президентии Эрон, Иброҳими Раисӣ дар муқоиса бо дигар номзадҳо бо фарқияти хеле зиёд, тақрибан 18 миллион овоз пирӯзи интихобот эълон шуд.

Иброҳими Раисӣ соли 2019 ба мақоми раиси Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон пазируфта шудааст. Вай то таъйиншавӣ ба ин мақом Додситони кулли ин кишвар будааст. Раисӣ дар интихоботи гузаштаи президентӣ низ барои ишғоли ин курсӣ даъвогарӣ кардааст, вале овозҳои ба дастовардаи ӯ кофӣ набудаанд, ки ин курсиро ишғол намояд. Вай аз рӯи овозшумориҳои интихоботи қабл аз гузашта мавқеи дуюмро ишғол карда буд.

Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, Иброҳими Раисӣ намояндаи консерваторҳои Эрон мебошад ва дар муносибат бо Ғарб мавқеи хеле шадидро ишғол менамояд.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.