расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Корхонаи нави тилобарорӣ дар Тоҷикистон фаъол шуд: Раҳмон хост, қоидаҳо риоя шаванд

Асосӣ / Иқтисодиёт

Корхонаи нави тилобарорӣ дар Тоҷикистон фаъол шуд: Раҳмон хост, қоидаҳо риоя шаванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба фаъолияти як коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи корхонаи “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар мавзеи Кумарғи болои ноҳияи Айнӣ оғоз бахшид.

Тибқи итилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, маросими ифтитоҳи коргоҳи мазкур тариқи онлайн сурат гирифта, Эмомалӣ Раҳмон тавассути монитор бо раванди коркарди маъдан ва истеҳсоли тилло шинос шуд.

Манбаъ афзуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як сол ба 4 тонна тилло ва 1 тонна нуқра баробар буда, консентрати маъдан аз конҳои "Кумарғи боло" ва "Дуобаи Шарқӣ" истихроҷ мегардад.

Захираи умумии кони "Кумарғи Боло" 51 тонна ва "Дуобаи Шарқӣ" 23,7 тонна, дар умум 74,7 тонна тило баҳогузорӣ шудааст.

Дар маҷмуъ зикр шуд, ки арзиши лоиҳавии корхона 180 млн доллари амрикоиро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истихроҷ ва коркарди маъдани "Кумарғи Боло" соли 2017 оғоз гардиданд.

Дар мавриди кони "Дуобаи Шарқӣ" иттилоъ дода шуд, ки то ҳол 4 нақб бо дарозии 3 ҳазор метр канда шуда, тибқи нақша моҳи июни соли 2023 дар кони мазкур истихроҷи маъдан оғоз мегардад.

Зикр гардид, ки ҳоло дар ширкати "ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ" 500 сокини маҳаллӣ ва 120 нафар шаҳрванди Чин доимӣ кор мекунанд.

 Дар сурати пурра фаъолият намудани ҷамъият беш аз 1200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд, изҳор доштаанд масъулин.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарияти ширкат таъкид намудаст, ки талаботи истихроҷ ва коркарди маъданро қатъӣ риоя кунанд. Ӯ афзудаст, ки дар сурати риоя нашудани талабот расидан ба ҳадафҳои гузошташуда мушкил хоҳад буд.

Ба раисҷумҳур иттилоъ додаанд, ки барои беҳдошти вазъи экологӣ дар мавзеъ коргоҳи ҳифзи муҳити зист фаъолият мекунад.

"Дар коргоҳ манораҳои чормарҳилаи тозакунӣ ва думарҳилаи ҷаббанда васлу насб гардидааст, ки бо истифода аз онҳо муҳити зист аз газҳои турш ҳифз карда мешавад. Обҳои партов бошад, дар зарфҳои махсус, бо истифода аз манораи семарҳилаи ҷаббанда ва таҷҳизоти полоишӣ безарар карда мешаванд", - афзудаанд масъулин.

Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо ҷараёни истихроҷ ва коркарди маъдан дар ширкати ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” масъулини онро муваззаф кард, ки корҳои боқимондаро ба анҷом расонида, ҳаҷми истеҳсолотро зиёд ва шумораи бештари шаҳрвандонро ба кори доимӣ ҷалб намоянд.



арчашма:Sputnik


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.