расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Коҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон

Асосӣ / Иқтисодиёт

Коҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон

Дар анҷоми ҳафтаи корӣ Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубли Русияро ба самти поин бозбинӣ карда, арзиши доллари амрикоиро каме боло бурдаст

Қурби рубли Русия дар Тоҷикистон 0,1529 сомонӣ муқаррар гардидаст, ки нисбати нишондоди рӯзи гузашта поинтар аст.
Бар асоси иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, феълан арзиши ҳазор рубли Русия муодили 152 сомонӣ мебошад. Рӯзе қабл ин нишондод ба 155 сомонӣ баробар буд.
Дар зимн арзиши асъори аврупоӣ ва амрикоӣ дар ҷумҳурӣ боло рафтаст. Аз ҷумла Бонки миллӣ қурби долларро 12,5 сомонӣ муқаррар кардаст. Барои қиёс ин нишондод рӯзе пеш 12,48 сомонӣ буд.
Қурби евро низ ба 13,61 сомонӣ расидаст, дар ҳоле ки 14 апрел ба 13,51 сомонӣ баробар буд.
Ба иттилои манбаъ, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ, аз ҷумла рубли нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1525 то 0.1545 сомонӣ муқаррар шудааст.
Харидуфурӯши доллари нақд дар муассисаҳои молиявии ҷумҳурӣ бо арзиши аз 12.5075 то 12.50 ва евро аз 13.6169 то 13.6200 сомонӣ амалӣ карда мешавад.
Дар Тоҷикистон махсусан таваҷҷуҳ ба қурби Русия зиёд аст, чун садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ФР фаъолият мекунанду маошашонро бо ин асъор мегиранд. Муҳоҷирон вобаста тағйироти қурб интиқоли маблағро зиёд мекунанд ва ё муваққатан худдорӣ менамоянд.
Дар зимн бархе аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, вақтҳои охир дучори мушкили камбуди пули нақд дар банкоматҳо шуда, барои гирифтани пул муддати тӯлонӣ бояд навбат поянд.
БМТ таъкид намудаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Ин ниҳод ҳушдор дод, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

sputnik-tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.