расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Даъвати ҷамъиятҳои тоҷикону қирғизҳо аз худдорӣ ба бархӯрдҳои ғайримуҷоз дар Русия

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Даъвати ҷамъиятҳои тоҷикону қирғизҳо аз худдорӣ ба бархӯрдҳои ғайримуҷоз дар Русия

Ин созмонҳои ҷамъяитии ду кишвар дар Русия тайи як эъломияи муштарак аз муҳоҷирони тоҷику қирғиз дархост карданд бо ҳам даргир нашванд зеро чунин як иқдом дар хушбинонатарин ҳолат боиси ихроҷи онҳо аз Русия мегардад ва ин муҷибе садамаи бузурге ба сабади истеъмолие хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон мешавад.

“Дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон аз ҳама гуна иқдомоти иғвоангез, амалҳои беиҷозат ва вохӯриҳо ширкат накунед, аз даъватҳои гуногун ба аъмоли ғайримуҷоз ё ҷамъомад , аз даъватҳои ғайриқонунӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳо худдорӣ намоед. Амалҳоеро иҷро накунед, ки дар доираи ақли солим намеғунҷанд”, - гуфта шудааст дар ин баёния.

Роҳбарони ин ду ҷамъият ёдрас шуданд, ки муҳоҷиран ба Русия барои кор омадаанд то оилаҳои худ — падару модарони солхурда, зану фарзандонатонро таъмин намоянд.

“Худро аз имкони ба даст овардани даромад маҳрум накунед! Наздикони худро аз ин даромад маҳрум накунед”, - қайд кардаанд роҳбарони ҷамъият дар ин баёния.

Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки имрӯзҳо барои Русия ва пойтахти ин кишвар амнияти ҷамъиятӣ, тартибот, сулху осоиштагии байналмилалӣ хеле муҳим аст.

“То андозае ин аз ҳар яки мо вобаста аст! Лутфан, агар шумо ягон амали иғвоангезро мушоҳида кунед, ба мо хабар диҳед! Ин ба манфиати мост”, - таъкид кардаанд ҷамъиятҳо.

Инчунин ҷамъиятҳои тоҷикону қирғизҳо аз роҳбарият ва мақомоти салоҳиятдори ду кишвар хостанд, талош намоянд ихтилофҳо ва масъалаҳои баҳсбарангезро танҳо бо роҳи дипломатӣ ҳал намоянд.

“Мардуми Тоҷикистону Қирғизистон дар тӯли асрҳо дар паҳлӯи якдигар дар фазои дӯстӣ ва ҳамфикрӣ зиндагӣ мекарданд ва имрӯз бояд анъанаҳои қадимаи неки ҳамсоягӣ ва дӯстии ду мардуми бародар ҳифз ва идома ёбад. Бигзор дар сарзамини мо сулҳ бошад!”, - Зикр намудаанд дар як баёнияе роҳбарони ҷамъиятҳои ду кишвар.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.