расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Тоҷикистон гуфт, дар амалиёти сулҳофарӣ дар Қазоқистон иштирок мекунад: изҳороти Душанбе

Асосӣ / Сиёсат

Тоҷикистон гуфт, дар амалиёти сулҳофарӣ дар Қазоқистон иштирок мекунад: изҳороти Душанбе


Тоҷикистон аз даст ёфтани гуруҳҳои ғайриқонунӣ ба аслиҳаю техникаи махсус дар Қазоқистон нигаронӣ карда, омодагияшро барои кумак дар таъмини тартибот баён дошт

Тоҷикистон гуфт, дар амалиёти дастаҷамъонаи сулҳофарӣ ва рафъи хатари мавҷуда дар Қазоқистон ширкат мекунад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, авзоъ дар Қазоқистонро пайгирӣ дорад ва аз амали роҳбарияти ин кишвар ҷонибдорӣ менамояд.

Душанбеи расмӣ ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба мардуми осоишта ва намояндагони қувваҳои ҳифзи ҳуқуқ, ғасби мақомоти давлатӣ ва ғоратгариро боиси таасуфи ҷиддӣ хондаст.

«Дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ пайдо шудани гурӯҳҳои яроқноки ғайриқонунӣ, ки соҳиби аслиҳаи марговар ва техникаи махсус гаштаанд, боиси нигаронии амиқ мебошад», — омадааст дар изҳорот.

Таъкид шудааст, ки Душанбе ташвиши роҳбарияти Қазоқистонро аз кӯшишҳои ноором кардани вазъ дар кишвар тавассути барангехтани рӯҳияи эътирозӣ комилан ҷонибдорӣ менамояд. Тоҷикистон изҳори умед кардааст, ки мардуми Қазоқистон ва роҳбарияти он дар фурсати кутоҳтарин бо роҳи муколама ба хушунатҳо хотима мебахшанд.

Вазорат инчунин нияти Тоҷикистон барои иштирок дар амалиёти дастаҷамъонаи сулҳофарӣ дар Қазоқистонро таъйид намуда, онро ҷузъе аз уҳдадориҳо дар доираи СААД хондаст.

«Бо риояи ӯҳдадориҳои ҳампаймонӣ дар чаҳорчӯби Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ният дорем дар амалиёти дастаҷамъонаи сулҳофарӣ барои расонидани кумак ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатари бамиёномада ширкат намоем», — таъкид намуд ВУХ.

Инчунин ҷониби Тоҷикистон ба наздикону пайвандони фавтидагони ҳаводиси охир дар Қазоқистон тасаллият баён намудаст.

Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.