расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Аз "Тоҷик Эйр" то "Роғун": корхонаҳои Тоҷикистон аз коргарон 57,7 миллион қарздоранд

Асосӣ / Иқтисодиёт

Аз "Тоҷик Эйр" то "Роғун": корхонаҳои Тоҷикистон аз коргарон 57,7 миллион қарздоранд


Вазири меҳнати Тоҷикистон ҳаҷми қарзи музди меҳнати корхонаҳоро эълон кард

Қарзи маоши корхонаҳо дар Тоҷикистон 57 миллиону 713 ҳазор сомонӣ (4,99 миллион доллар) -ро ташкил медиҳад, гуфт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода дар як нишасти матбуотӣ.

Ҳамин тариқ, 75 корхонаи кишвар аз 14 080 корманд қарздоранд.

«Қарздорони асосии музди меҳнат корхонаҳои бузурги саноатӣ мебошанд. Барои тадриҷан бартараф кардани қарз чораҳо андешида мешаванд», — гуфт вазир.

Вақтҳои охир, дар натиҷаи кори вазорат, як қатор қарздорон, яъне 10 ташкилоту муассиса қарзҳои худро пурра пардохт карданд ва 13 тои дигар ҳаҷми қарзро коҳиш доданд.

Ба рӯйхати қарздорони асосӣ чунин корхонаҳо, ба монанди ҶСК «Тоҷикнақбсоз», ҶСК «Азот», инчунин ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва ҶСК «Сохтмони НБО Роғун» шомиланд.

Ёдовар мешавем, дар аввали моҳи феврали соли 2021 қарз беш аз 84,7 миллион сомонӣ (тақрибан 7,5 миллион доллар) -ро ташкил медод.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.