расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Чор соат гузашт: суҳбати як ба яки Раҳмону Ҷабборов ба дарозо кашид

Асосӣ / Сиёсат

Чор соат гузашт: суҳбати як ба яки Раҳмону Ҷабборов ба дарозо кашид


Дар Душанбе мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов беш аз чор соат аст, ки идома дорад

Мулоқоти як ба яки сарони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе ба дарозо кашидааст.

Тибқи иттилои шоҳидон ҳол, қаблан дар назар буд, мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов соати 09:20 оғоз гашта, соати 11:00 хотима ёбад, аммо ҳоло дар Душанбе соат ба 14:00 наздик мешаваду мулоқоти хоси раисиҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз идома дорад.

Ба иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ба назди сарони кишварҳо чанд тубус, ки маъмулан дар он харитаҳо нигаҳдорӣ мешавад, даровардаанд.

Қаблан гуфта мешуд дар ин мулоқот интизор меравад масоили марзӣ баррасӣ шавад.

Имрӯз низ дар оғози мулоқот Содир Ҷабборов бо таассуф қайд кардааст, ки рӯйдодҳои фоҷиабори рӯзҳои 28-30 апрели имсол барои мардуми ду кишвар рӯзҳои озмоишҳои шадиди таърихӣ ва ғаму андӯҳ шуданд.

«Мехостам таъкид кунам, ки ҳарду ҷониб набояд ба такрори бархӯрдҳои мусаллаҳона роҳ диҳанд. Халқҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон аз замонҳои қадим халқи бародар буданд, қирғизҳо ва тоҷикон ҳамеша муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстонаро нигоҳ медоранд», — таъкид дошт ӯ.

Президент Содир Ҷабборов изҳори итминон кардааст, ки бо талошҳои муштарак ҷонибҳо роҳҳои ҳалли мушкилоти марзиро пайдо хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон бошад, таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ба сафари расмии Содир Ҷабборов ба кишвар аҳамияти калон медиҳад ва ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо самимона манфиатдор аст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • WilliamQuels | Гости

    На сайте представлены лучшие игровые автоматы играть от популярных провайдеров.Каждый посетитель сайта может найти себе развлечение по вкусу, не покидая уютный дом.Все представленные здесь игровые аппараты имеют высокую степень отдачи и гарантируют своим игрокам прибыль.На нашем сайте вы увидите самые популярные слоты от таких разработчиков, как Novomatic, Igrosoft, Net Ent, Mega Jack, Playtech и др.Если вы хотите попытать счастье и получить

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.