расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳолати омодабоши ҷангӣ дар марз бо Афғонистон

Асосӣ / Сиёсат

Ҳолати омодабоши ҷангӣ дар марз бо Афғонистон


Бо пуршиддат шудани вазъ дар Афғонистон, нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо марзбонон марзҳои кишварро муҳофизат мекунанд.

Артиши Тоҷикистон, ки дар марз бо Афғонистон хидмат мекунад, ба режими махсуси фаъолият гузаронида шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Сухан дар бораи кормандони низомӣ дар хатти дуюми ҳифзи қаламрав қарордошта меравад.

«Хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар хатти дуввуми дифоъ истодаанд ва сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро ҳифз мекунанд, аз оғози шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи наздимарзӣ ба режими махсуси хидмат ворид карда шуданд.» гуфт полковник Фаридун Маҳмадализода, сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа.

Вай қайд кард, ки бо пуршиддат шудани вазъ дар Афғонистон, нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо марзбонон марзҳои кишварро муҳофизат мекунанд.

«Дар ин рӯзҳо интиқоли иловагии таҷҳизот ё нерӯ вуҷуд надошт ва ба нақша гирифта нашудааст, зеро вазъи ноустувори Афғонистон моро кайҳо маҷбур кардааст, ки қисмҳои низомиамонро, ки дар хатти дуюми мудофиа қарор доштанд, тақвият диҳем», — гуфт Маҳмадализода.

Ёдовар мешавем, ки тайи 10 рӯзи гузашта дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Ҳаракати радикалии Толибон (дар Русия мамнӯъ) бархӯрд ба амал омадааст. Ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.
Ҳамин тавр, рӯзи 21 июн як гурӯҳи Толибон ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла кард. Шумораи умумии низомиёни афғон (маҷрӯҳ, кушта ё асир афтода) ба 100 нафар расид. 134 нафари дигар пас аз задухӯрдҳои шадид 22 июн ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи Панҷ фирор карданд, ки миёнашон чаҳор захмӣ ва як ҳалокшуда буд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.