расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Кумитаи дин: намозгузорӣ дар масҷидҳо ҳоло манъ намешавад

Асосӣ / Ҷомеа

Кумитаи дин: намозгузорӣ дар масҷидҳо ҳоло манъ намешавад


Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пасманзари таъйиди расмии вуҷуди дигарбораи коронавирус дар Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир масҷидҳо баста ва намозгузорӣ манъ намешавад. Ба гуфтаи Кумитаи дин ин салоҳияти Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо паҳншавии коронавирус аст.

»Афшин Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин ба «Азия-Плюс» гуфт, ки «ин дар салоҳияти Ситод аст ва агар Вазорати тандурустӣ пешниҳод кунаду Ситод натиҷагирӣ кунад, он гоҳе дастуре содир мешавад. То ҳол на аз Вазорати тандурустӣ ва на аз Ситод чизе нагуфтаанд».

Соли гузашта дар пасманзари пайдо шудани коронавирус дар дунё дар Тоҷикистон дар моҳи март намозгузорӣ дар масҷидҳо манъ шуд, вале баъдтар дубора иҷоза доданд. Аммо баъди расман эътироф шудани вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон то 1-уми феврали соли 2021, наздик ба 10 моҳ дари масҷидҳо баста буд.

Мақомоти Тоҷикистон аз 1-уми феврали имсол бо риояи шадиди қоидаҳои беҳдоштӣ ба намозгузорӣ дар масоҷид дубора иҷоза доданд.

Сарчашма: asiaplustj.info

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.