расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Қазоқистон эълон кард, ки ба Тоҷикистон беш аз 3 миллион тир медиҳад

Асосӣ / Сиёсат

Қазоқистон эълон кард, ки ба Тоҷикистон беш аз 3 миллион тир медиҳад


Ҳукумати Қазоқистон тарҳи қарореро нашр кард, ки мувофиқи он ба Тоҷикистон беш аз 3 миллион тири қутрашон гуногун тақдим мекунад. Баррасии тарҳ дар Қазоқистон то 17-уми июни имсол идома хоҳад дошт. Мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид иттилое надодаанд.

Дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Қазоқистон 5-уми июн дар изҳороте гуфт, дар ин бора ҳанӯз дар нимаҳои моҳи апрели имсол миёни Душанбеву Нурсултон созишнома имзо шудааст.

Пас аз анҷоми ҷанбаҳои ҳуқуқии масъала, Қазоқистон ба Тоҷикистон
  • 3 миллион дона тири қутраш 5,44-миллиметрӣ;
  • 20 ҳазор тири қутраш 23-миллиметрӣ;
  • 10 ҳазор тири қутраш 82-миллиметрӣ медиҳад.
Тибқи созишнома, Қазоқистон тавассути роҳи оҳан оварда расондани тирҳоро ба Тоҷикистон аз ҳисоби худ ба уҳда гирифтааст. Тоҷикистон дар навбати худ уҳдадор шудааст, ки ин муҳиммотро ба ҷониби севум нахоҳад дод.

Тоҷикистону Қазоқистон, ду кишвари собиқи Шӯравӣ, равобити дипломатиро соли 1993 шуруъ кардаанд. Душанбе аз ин кишвари нафтхези Осиёи Марказӣ бештар ғаллаву газ мегирад.

Созиши охир дар ҳоле ҳосил шудааст, ки раиси ҷумҳурии Қазоқистон, Қосимҷомарт Тоқаев, рӯзи 19-уми майи имсол бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт. Ду тараф гуфтанд, ки вазъи ноором ва авҷ гирифтани хунрезӣ дар Афғонистон, инчунин, рушди равобит ва афзоиши додугирифтро баррасӣ карданд. Он замон дар бораи ёрии ҳарбӣ чизе гуфта нашуд.

Сарчашма: ozodi.org

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • raiden | Гости

    Good day and welcome to my webpage. I’m Raiden. I have always dreamed of being a novelist but never dreamed I’d make a career of it. In college, though, I helped a fellow student who needed help. She could not stop telling me how well I had done. Word got around and someone asked me for to write their paper just a week later. This time they would compensate me for my work. During the summer, I started doing academic writing for students at the local college. It helped me have fun that summer and even funded some of my college tuition. Today, I still offer my writing services to students. Academic Writer – Raiden – www.kjbresearchcouncil.com Company

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.