Президент сафиронро дар Чин ва Арабистони Саудӣ иваз кард
Дар Ҷумҳурии Арабии Миср низ сафир нав шуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Чин
Сурат: аз сомонаи сафорати ҶТ дар Чин
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 август дар бораи аз вазифаҳо озод кардани як қатор сафирони кишвар дар давлатҳои хориҷӣ фармонҳо ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Парвиз Давлатзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам озод карда шуд.
Саидзода Зоҳир Озод сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой таъин карда шуд.
Қосимӣ Заробиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ озод карда шуд. Ӯ сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср таъин карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъин карда шуд.