расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон давоми солҳои 2021-2023 323 миллион доллар грант медиҳад

Асосӣ / Президент / Сиёсат

Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон давоми солҳои 2021-2023 323 миллион доллар грант медиҳад

Бонки Осиёии Рушд (БОР) ба нақша  гирифтааст, ки давоми солҳои 2021 — 2023 ба Тоҷикистон 323 миллион доллар ба шакли грант пешниҳод намояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуотии намояндагии доимии БОР дар Душанбе.
«БОР ба Тоҷикистон дар се соли оянда 323 миллион доллар хоҳад дод, то ки барои қонеъ кардани ниёзҳои рушди кишвар мутобиқи нақшаи тиҷоратии таҷдидшудаи амалиётҳои бонк дар мамлакат  кумак расонад»,  — гуфт сухангӯи матбуотӣ Татяна Евстифеева.
Ба гуфти ӯ, илова бар ин, дар давраи мазкур ҷудо намудани  5,25 миллион доллар дар шакли кумаки техникӣ барои гирифтани дониш ва омодасозии лоиҳаҳо ба нақша гирифта шудааст.
«Ин нақша ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистонро барои давраи то 2030 дастгирӣ ва бо Стратегияи БОР то соли 2030 мувофиқат мекунад. Нақша инчунин гузариш ба шарикии стратегиии БОР бо ин кишварро барои солҳои 2021-2025 ба инобат гирифтааст, ки дар ҳоли коркард аст ва ба раванди номуайяни пандемияи COVID-19 мутобиқ карда хоҳад шуд», — гуфт Татяна Евстифеева.
Дар нақша барои солҳои 2021-2023 лоиҳаҳо оид ба беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва идоракунии захираҳои об, инчунин оид ба рушди инфрасохтори шаҳрӣ ва бахши энергетика  шомил мебошанд. БОР инчунин ба нақша гирифтааст, ки лоиҳаҳоро дар бахшҳои рушди соҳаи тандурустӣ,  сайёҳӣ, такомули бахши молиявӣ, баланд бардоштани устуворӣ дар муқобили офатҳои табиӣ ва беҳтар намудани бахши роҳҳо дастгирӣ намояд.
Илова бар ин, дар нақша лоиҳаҳое ғунҷонида шудаанд, ки идоракунии электронӣ ва беҳтар намудани таҳсилро дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технология, муҳандисӣ ва риёзӣ дастгирӣ мекунанд.
Маблағи ниҳоии кумаки банақшагирифтаи БОР аз омилҳои гуногун, аз ҷумла мавҷудияти захираҳо, омодагии лоиҳаҳо ва натиҷаи арзёбии дастовардҳои миллӣ дар ҷумҳурӣ  вобаста хоҳад буд.
Интизор меравад, ки дар соли 2020 кумаки маҷмӯии БОР ба Тоҷикистон 320 миллион доллар дар шакли грант, ба шумули лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт, кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, идоракунии бахши давлатӣ, маориф ва энергетика хоҳад буд. Дар ин маблағ инчунин як бастаи вокуниши таъҷилӣ ба COVID-19  дар ҳаҷми  52,5 миллион доллар низ шомил мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1998 ба узвияти   Бонки Осиёии Рушд  шомил гардидаааст. Аз он замон то ҳол  аз бонки мазкур   дар ҳаҷми зиёда аз 1,9 миллиард доллар кумак гирифтааст, ки 1,4 миллиард доллари онро грантҳо ташкил медиҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.