расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд

Асосӣ / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд



Президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ дар Анҷумани ХХII Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон - Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд.


Дар шаҳри Душанбе рӯзи 26 август анҷумани навбатии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доир гардида, дар он президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори навбатӣ номзад пешбарӣ шуд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар анҷуман аз фаъолияти Федератсия дар давраи солҳои 2013-2020 натиҷагирӣ шуда, вакилони Анҷуман лоиҳаи Оиннома, Барномаи амал барои солҳои 2020-2027, сохтор, мақомот, аъзоёни Шӯрои генералӣ, Комиссияи назоратӣ-тафтишотии Федератсияро тасдиқ намуданд.

Ба ин тариқ, аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ин дам 4-тоаш - Ҳизби аграрӣ (пешвои ҳизб Рустам Латифзода), Ҳизби сотсиалистӣ (раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров), Ҳизби демократ (раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода), ҲИИТ (раиси ҳизб Рустам Раҳматзода) ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳояшонро ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ намуданд.

Дар назар аст, ки Ҳизби коммунист ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ аввали моҳи сентябр номзадҳои худро ба мансаби президентӣ дар интихобот пешбарӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки номзадиашро ба мансаби президент пешбарӣ намекунад. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки шӯрои сиёсии ҳизб ба интихобот таҳрим (бойкот) эълон мекунад.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.