расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Футболбозони тими миллии Тоҷикистонро дар фурудгоҳ бо шукӯҳ пешвоз гирифтанд

. / Варзиш

Футболбозони тими миллии Тоҷикистонро дар фурудгоҳ бо шукӯҳ пешвоз гирифтанд

Футболбозони тими миллии Тоҷикистон оид ба футболро, ки баъди хотимаи ҳунарнамоӣ дар Ҷоми Осиё-2023 ба ватан баргаштанд, бо тшукӯҳи хоса пешвоз гирифтанд.
Барои пешвози онҳо ба Фурудгоҳи Душанбе Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон, роҳбарони ниҳодҳои дихлдор ва хабарнигорону мухлисони тими миллӣ ташриф оварда буданд.
Ба ҳар як узви тими миллӣ ва ҳайати мураббиён гулдаста тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар то марҳилаи ¼ ниҳоӣ ҳунарнамоӣ кард ва дар ин марҳила аз тими Урдун бо ҳисоби як бар сифр шикаст хӯрд.
То ин марҳила, тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳ бо мунтахаби Чин (0-0), Қатар (0-1) ва Лубнон (2-1) бозӣ кард ва дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 1-1 (5-3 пен) шикаст дода буд.
Бояд гуфт, ки тими миллии Тоҷикистон бори аввал дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.