расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Комроншоҳ дар Гран-Прии Португалия соҳиби медали биринҷӣ шуд

. / Варзиш

Комроншоҳ дар Гран-Прии Португалия соҳиби медали биринҷӣ шуд

Ягона намояндаи Тоҷикистон дар «Grand Prix Portugal 2022» медал гирифт

Паҳлавони шинохтаи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар аввалин мусобиқаи ҷудои соли 2022 — «Grand Prix Portugal 2022» сазовори медали биринҷӣ шуд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.


Ин мусобиқаи байналмилалӣ 28-30 январ дар шаҳри Алмадаи Португал доир гашт.

Комроншоҳ (-90кг) дар даври аввал озод буд. Ӯ сипас бар намояндаи Ӯзбекистон Достон Мейлиев ва дар чорякфинал бар варзишгари Украина Артём Бубир пирӯз шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Италия Кристиан Парлатӣ мағлуб гашт.

Паҳлавони тоҷик сипас дар муҳориба барои ҷои сеюм намояндаи Гурҷистон Имеда Гоголадзеро шикаст дод.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар аввалин мусобиқаи сол 301 варзишгар (179 мард, 122 зан) аз 41 давлат ширкат карданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд — ҷои аввал — 3000 евро, ҷои дуюм — 2000 евро, ду ҷои сеюм — 1000-евроӣ.

Ёдовар мешавем паҳлавони дигари кишвар Сомон Маҳмадбеков низ мебоист дар ин мусобиқа ширкат кунад, аммо ба далел гирифторӣ ба коронавирус натавонист вориди набардҳо шавад.


Сарчашма:sputnik-tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.