расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Ёздаҳ варзишгари тоҷик дар Тошканд ба даври нимфинал роҳ ёфт

. / Варзиш

Ёздаҳ варзишгари тоҷик дар Тошканд ба даври нимфинал роҳ ёфт

Сабқати нимфинал дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 27 январ баргузор мешавад

Қаҳрамонии Осиё аз намуди бокс миёни ҷавонони то 22-сола дар Ӯзбекистон ба даври нимфинал расид.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, аз 18 варзишгари тоҷик 11 нафар ба даври нимфинал баромаданд ва сабқатро 27 январ идома медиҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки аввалин Қаҳрамонии Осиё аз намуди бокс миёни ҷавонони то 22-сола 22 январ оғоз гардид.

Дар рӯзи аввал ду варзишгари тоҷик бар ҳарифонашон ғолиб шуданд. Искандарбек Рустамов дар вазни 54 кг бар Чаҳура Лакшан аз Шри-Ланка ва Расул Аҳадов дар вазни 67 кг бар Ҳалим Сулаймон аз Малайзия дастболо шуданд.

Дар рӯзи дуюм Хусравхон Раҳимов бар намояндаи Қирғизистон ва Давлат Болтаев бар варзишгари мизбон пирӯз гардиданд.

Дар рӯзи сеюм Акбаралӣ Абдураҳмонзода бар намояндаи Арабистони Саудӣ Абдулазиз Алатбӣ ғолиб омад.

Ҳамин тариқ аз миёни 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон нуҳ нафар муштзаниро дар даври нимфинал, ки 27 январ баргузор мешавад ва ду нафар дар финал, 29 январ идома медиҳанд.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.