расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Пайвастани Нуриддин Давронов ба дастаи “Персита” ва гузариши Нозим Бобоҷонов ба “Ал-Аҳлӣ”

. / Варзиш

Пайвастани Нуриддин Давронов ба дастаи “Персита” ва гузариши Нозим Бобоҷонов ба “Ал-Аҳлӣ”

Ду футболбози шинохтаи тоҷик Нуриддин Давронов ва Нозим Бобоҷонов барои худ дастаҳои нав пайдо карданд. Ин ду футболбози тоҷик бо дастаҳои футболи «Персита"-и Индонезия «Ал-Аҳлӣ» Баҳрайн шартнома ба имзо расонданд

Шартнома миёни футболбози 30-солаи тоҷик ва ин даста то 30 майи соли 2022 ба имзо расидааст, иттилоъ Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ акнун Нуриддин Давронов ба дастаи футболи «Персита"-и Индонезия пайваст.

Нуриддин Давронов қабл аз ин бо дастаи дигари Индонезия «Борнео» шартномаи яксола дошт. Қарордоди футболбози тоҷик бо дастаи футболи «Борнео» чанд рӯз пеш ба охир расид.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Борнео"-и Индонезия пас аз бекор кардани шартнома бо Нуриддин Давронов расман бо футболбози ҷопонӣ Кей шартномаи нав ба имзо расонд. Акнун Кей ивазкунандаи Нуриддин Давронов дар дастаи футболи «Борнео» мебошад.

Ҳамзамон тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, нимҳимоятгари дастаи футболи «Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд Нозим Бобоҷонов ба дастаи «Ал-Аҳлӣ"-и Баҳрайн қарордод имзо кард.

Дастаи футболи «Ал-Аҳлӣ» дар Премйер Лигаи Баҳрайн баромад мекунад. Дастаи футболи «Ал-Аҳлӣ"-и Баҳрайн баъди 7 даври рақобатҳо дар зинаи охири ҷадвал бо чаҳор имтиёз мавқеъ дорад.

Нозим Бобоҷонов дар ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд"-и шаҳри барандаи медалҳои нуқраи Лигаи олӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2021 гардидааст.


Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.