расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”

Сиёсат / Ҷомеа

Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”

Пас аз нашри навори "Азия-Плюс" Раёсати ВКД дар Душанбе ронандаи дағалгуфторро 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кард ва аз ҳуқуқи ронандагӣ дар ширкат маҳрум сохт.
РВКД бидуни зикри манбаъ навишт, дар навор бо алфози қабеҳ дашном додани ронандаи автомашинаи тамғаи "Спринтер" инъикос гардидааст.
“Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Спринтер", рақамҳои қайди давлатиаш 7711ТТ05 шаҳрванд Тошпӯлотов Комилҷон Хайруллоевичи 54-сола, ки дар хатсайри №35 ба фаъолияти мусофирбарӣ машғул аст, дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд”, - омадааст дар хабар.
Тасдиқ шудааст, ки номбурда зимни фаъолияти мусофирбарӣ дар истгоҳ дурру дароз таваққуф намуда, ба ҳаракати воситаи нақлиёти ҷамъиятии троллейбуси хатсайри №10 монеа эҷод намудааст.
“Ҳамзамон, ба эроди ронандаи троллейбус беэътиноӣ намуда, бо алфози қабеҳ нисбаташ дашном дода, шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задааст”, - афзудааст манбаъ.
Вобаста ба ҳолати мазкур 10-шабонӯз ҳабси маъмурӣ шуда ва аз ҷониби ширкати ҶДММ «Беҳрӯз-15» шартномаи ҳамкорӣ бо ронанда - Тошпӯлотов Комилҷон, барои вайрон намудани талаботи мусофиркашонӣ қатъ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз навори мазкурро хабаргузории "Азия-Плюс" нашр карда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.