расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Мошинҳои куҳна зиёд аст. Вазири корҳои дохилӣ нобудсозии мошинҳоро шарҳ дод

Сиёсат / Иқтисодиёт

Мошинҳои куҳна зиёд аст. Вазири корҳои дохилӣ нобудсозии мошинҳоро шарҳ дод

Тасмими нобуд кардани мошинҳо ё ба истилоҳ “утилизатсия” ба далели теъдоди зиёди мошинҳои кӯҳна дар кишвар рӯи даст гирифта шудааст. Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Номбурда гуфт, тартиби нобуд кардани мошинҳо дар дигар кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ кайҳо боз истифода мешавад. Илова бар ин, ӯ зикр кард, ки чунин иқдом ба коҳиши партовҳои зараровар, ки ба вазъи экологӣ таъсири манфӣ мерасонад, мусоидат мекунад.
“Нобуд кардани воситаҳои нақлиёт бар дӯши Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст. Меъёри он муқаррар шудааст ва дар тамоми муҳлати истифодаи мошин як маротиба ситонида мешавад”, - гуфт ӯ.
Дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” дар робита ба макони нобдусозӣ ё ба истилоҳ “полигон” вазир гуфт, феълан масъалаи макони анҷоми ин тартиб баррасӣ мешавад.
Ӯ гуфт, бунёди майдончаи махсус ё “полигон” дар назар аст, аммо барои сохтмони он ҳалли масъалаҳои дигар зарур аст. Аммо кадом масъала, вазир зикр накард.
Ҳамин тариқ, то ҳол раванди нобудсозии воситаи нақлиёт маълум нест.
Қаблан “Азия-Плюс” бо такя ба БДА хабар дода буд, ки чунин пардохт барои соҳибони воситаҳои нақлиёт дар асоси қарори ҳукумат аз 30 декабри соли 2023 ҷорӣ карда шудааст.
Маблағи пардохт аз категорияи воситаҳои нақлиёт вобаста буда, чунин аст:
- барои соҳибони мотосикл – 360 сомонӣ ё 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- барои мошинҳо ва дигар воситаҳои нақлиёти дорои зиёда аз 10 нафар – 1584 сомонӣ ё 22 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- барои мошинҳои боркаш, кранҳо ё мошинҳои вазнин - 2880 сомонӣ ё 40 нишондиҳанда.
Намояндаи Бозрасии давлатии автомобилӣ гуфт, ки ин маблағ барои тамоми давраи истифодабарии мошин як маротиба пардохт мешавад ва барои ин ҳуҷҷати тасдиқкунанда дода мешавад.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар назди вакилони парлумон гуфта буд, ки он “бо мақсади таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва муҳити зист аз таъсири зарари партовҳо, инчунин дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ таҳия гардидааст”.
Бояд гуфт, пардохти нави ҳатмӣ барои соҳибони нақлиёт дар кишвар дар ҳолест, ки ҳамасола соҳибони мошинҳо барои аз қайд гузаштан дар БДА садҳо сомонӣ пардохт мекунанд. Ин пардохтҳо аз экология то суғуртаву дигар сандаҳоро дар бар мегирад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.