расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » “Раёсати КОА фаъолият накард”. Чаро Комиссияи олии аттестатсионӣ соли 2023 ба касе дараҷаи илмӣ надод?

. / Сиёсат

“Раёсати КОА фаъолият накард”. Чаро Комиссияи олии аттестатсионӣ соли 2023 ба касе дараҷаи илмӣ надод?

Соли 2023 Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) - и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба касе дараҷаи номзад ё доктори илм надодааст.
Давлатзода Сайфиддин, раиси КОА гуфт, сабаби надодани дараҷаи илмӣ фаъол набудани Раёсати КОА мебошад.
“Яке аз мушкилиҳо, бо сабабҳои гуногун, фаъолият накардани Раёсати КОА буд. Бо назардошти ба охир расидани муҳлати фаъолияти Раёсати КОА ҳама ҳуҷҷатҳо ташхис мешаванд, лекин хулосаи ниҳоиро қарори раёсати КОА қабул мекунад”, - гуфт Давлатзода.
Ӯ ваъда дод, ки маводи барои ташхис воридшуда ва ба дасти раёсат расида бори дигар ташхиси соҳавиро гузашта, нисбати онҳо қарори ниҳоӣ қабул карда шаванд.
“Мардум интизори фаъолияти ниҳоии КОА ҳастанд”, - зикр кард ӯ.
Бояд гуфт, ки қаблан олимони тоҷик дараҷаи илмиро дар хориҷ аз кишвар соҳиб мешуданд ва бо ба фаъолият оғоз кардани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо гардид, ки онҳо дар дохили кишвар низ номзад ё доктори илм гарданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.