расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 табибони тоҷик ба самти ташхис 6 ва ба самти табобат 68 навоварӣ ворид намуданд

. / Сиёсат

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 табибони тоҷик ба самти ташхис 6 ва ба самти табобат 68 навоварӣ ворид намуданд

 Соли 2023 табибони тоҷик ба самти ташхис 6  ва ба самти табобат 68 навоварӣ ворид намуданд. Аз ҷумла, гузоштани адасаи дохилии чашм, вискоэластикаи когензивӣ ҳангоми ҷарроҳии чашмпардаи оризавӣ, истеҳсоли чашми сунъии сулбиявии девораш тунук амалӣ гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Аз ҷумлаи навовариҳои соҳаи тандрустӣ- ин гемитиреоидэктомия, буриши метаболикии дастакмонанди меъда, бо бемории чурраҳои сурохии сурхнои ҳаҷоб гузоштани тӯри композитӣ, гастропексияи эндоскопӣ, дар самти пайвандсозӣ (гирифтани вариди гунодалии донорҳои гурда барои истифода ҳамчун графт, нефроэктомияи лапроскопӣ, барои гирифтани ҳуҷайраҳои бунёдӣ (аз хуни периферӣ), плазмофорези каскадӣ, тромбоситофорез, усули нави ташхис ва табобати малформатсияи шараёнӣ-варидии лаб, лифтинги эндоскопии пешонӣ, барқарор намудани найчаи тухмгузар ҳангоми ҳомиладории найчавӣ, ҷорӣ намудани ташхиси сили ниҳони (Quantiferon-TEST) мебошад», -гуфт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки навоварии дигари табибони тоҷик- гузоштани стент ба  ковокии  трахея  ҳангоми тангшавӣ (стеноз), тоза намудани гранулятсияҳои дохили трахея бо усули эндоскопӣ бо барқарорсозии ковокии трахея, гузаронидани ҷарроҳии трахеопластика, гузоштани клапани эндобронхиалӣ (бронхоблокатор) мебошад.
Ҳамзамон дар соҳаи тандурустӣ имплантатсияи кохлеарӣ, плазмоферези мембранӣ, бартараф намудани часпиши модарзоди  ҳароммағз – тетринг синдром, тривентрикулостомияи эндоскопӣ ҳангоми гидросефалияи модарзодии окклюзиони дар кӯдакон, пӯшондани нуқсони устухони косахонаи сар бо усули 3Д пресс-форма, фенестратсияи девораҳои кистаҳои арахноидалии майнаи сар бо усули эндоскопӣ, ламинэктомияи мӯҳраҳои гардан бо реклинатсия кеҷгузорӣ ва мустаҳкамкунӣ аз пеш бо плейт, гирифтани омоси метастатикии мӯҳраи С6, гузоштани меши титанӣ ва мустаҳкамкунӣ бо плейт, вентрикуло-перитонеостомияи дутарафа бо истифодаи коннектори Y монанд, бо усули эндоскопӣ гирифтани кистаи келлоидии меъдачаи III амалӣ гардид.
Гуфта шуд, ки фаъолияти фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш идома ёфта, соли 2023 дар 224 бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.