расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Партоби муваффақи мушаки балистикии қорапаймои “Сармат”

Сиёсат / Ҳаводис / Ҷаҳон

Партоби муваффақи мушаки балистикии қорапаймои “Сармат”

Вазорати дифои Русия аз партоби муваффақи мушаки баллистикии қорапаймои “Сармат” аз пойгоҳи фазоии Плесетск хабар дод.

"Нақшаҳои партоб пурра иҷро шуданд. Хусусиятҳои мушак дар тамоми марҳилаҳои парвози он тасдиқи худро пайдо кард. Кулоҳакҳои омӯзишӣ ба як минтақаи муайян, ба тамрингоҳи Кура дар нимҷазираи Камчатка ба ҳадаф расиданд", — қайд кард Вазорати дифоъ.

Вазорати дифоъ тавзеҳ додааст, ки ин нахустин тамрин дар барномаи давлатӣ аст.

Манбаъ илова кардааст, ки озмоишҳои мушаки ояндадор “имкон дод, дурустии техникӣ ва сохтории он ки дар вақти сохти мушак асос гузошта мешаванд", арзёбӣ гардад.

Тавре интизор меравад, "Сармат" пас аз озмоишҳо ба нерӯҳои стратегии Русия таҳвил мешавад. Ин мушакҳо ба нерӯҳои мушакии "Ужур"-и Красноярск дода мешавад.

“Сармат” як системаи мушакии стратегии сангин аст, вазни он беш аз 200 тонна мебошад. Тибқи сарчашмаҳои озод, вазни партоби мушак 10 тонна мебошад. Ин мушак қарор аст, мушакҳои дурбурди “Воевода”-ро дар артиши Русия иваз намояд. Русия дар солҳои ахир ба навсозии артиш, бахусус мушакҳои дурбурд аҳамияти хос медиҳад.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.