расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Покистон аз Афғонистон талаб кард, ки ҳодисаҳои мусаллаҳона дар марзро қатъ кунад

Сиёсат / Ҷаҳон

Покистон аз Афғонистон талаб кард, ки ҳодисаҳои мусаллаҳона дар марзро қатъ кунад

Вазорати хориҷаи Покистон рӯзи душанбе аз мақомоти Афғонистон тақозо кард, тирборон кардани марзбонони покистониро бас ва амният дар марзи ду кишварро таъмин кунад.

"Дар чанд рӯзи ахир ҳодисаҳо дар марзи Покистону Афғонистон, ки дар он ба нерӯҳои амниятии Покистон аз Афғонистон ҳамла мекунанд, афзоиши қобили мулоҳизае мушоҳида шудааст", - омадааст дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Покистон

Исломобод ва Кобул тайи чанд моҳи ахир барои таъмини ҳамоҳангии муассир ва амният дар марз бо ҳам кор мекунанд.

"Мутаассифона, ҷангҷӯёни гурӯҳҳои террористии мамнуъ, аз ҷумла Таҳрики толибони Покистон* ҳамлаҳоро ба посгоҳҳои сарҳадии Покистон идома медиҳанд, ки дар натиҷа чанд нафар аз низомиёни покистонӣ кушта шудаанд" , - гуфт Вазорати корҳои хориҷӣ.

Ин ниҳод дар баёнияаш гуфтааст, Исломобод аз Кобул хостааст, ки марзи Покистону Афғонистонро ҳифз кунад ва алайҳи афроди дастдошта дар ҳамлаҳои террористӣ дар Покистон чораҳои шадид андешад.

Рӯзи ҷумъа нерӯҳои ҳавоии Покистон дар вилояти Хусти Афғонистон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дода, то 44 нафарро куштанд.

Амирхон Муттақӣ, ки дар ҳукумати муваққати толибон иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи Афғонистон аст, дар ин робита ба ин қазияи маротиби эътирози худро ба сафири Покистон дар Кобул Мансур Аҳмадхон супурд.

* -гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.