расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Муҳриддин амали марзбонони қирғизро маҳкум ва хостори муҷозоти онҳо шуд

Сиёсат / Ҳаводис

Муҳриддин амали марзбонони қирғизро маҳкум ва хостори муҷозоти онҳо шуд

Пас аз муноқишаи ахири марзӣ ва ба тасвиб расидани се санад миёни сардорони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистону Қирғизистон, Вазирони умури хориҷаи ҳар ду кишвар ҳам вобаста ба ҳамин мавзӯъ суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Дар ин бора,дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.

Бар хабари манбаъ, суҳбати телефонии Сироҷиддин Муҳриддин ва Руслан Казакбоев рӯзи 13 апрел сурат гирифт.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни суҳбат, вазири тоҷик амалкарди марзбонони қирғизро шадидан маҳкум намуда, талаб намудаааст, ки ин ҳодисаи нохуш мунсифона таҳқиқ ва гунаҳкорон ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистон, дар ҳудуди ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон ва Борбордуки Қирғизистон соати 18.20 шоми 12-уми апрел рух дода буд.

Мақомоти Тоҷикистон таъйид карданд, ки дар пайи муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як марзбони 27-солаи тоҷик баъд аз бардоштани ҷароҳатҳои сангин дар бемористон даргузашт.

Марҳум Зоир Саидумарови 27 - сола мебошанд, ки ҳанӯз баҳори соли 2020 ба хидмат рафта буд ва дар муноқишаи навбатӣ аз ноҳияи шикам ва китфаш захм бардошта, дар бемористон ҷон аз даст дод.


Бегоҳи рӯзи 13 апрел, сардорони Қӯшунҳои марзбонии КДАМ ҳар ду кишвар, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уралбек Шаршеев се санадро ба тасвиб расонданд, ки тибқи ин ҳуҷҷатҳо, қувва ва воситаҳои иловагӣ ба ҷойи истиқрори қалбии худ баргардонда шуданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳодисаи тирпаронии ахир ҷиддан, мунсифона таҳқиқ шавад ва омили сар задани он ошкор гардад.

Илова бар ин дар санад зикр шудааст, ки бо дарназардошти манофеи ҳар ду ҷониб бояд шароити обёрии заминҳо ва амнияти сокинони наздимарзӣ таъмин шавад.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.