расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Оё умедҳои маскавии Макрон бароварда мешаванд?

. / Сиёсат

Оё умедҳои маскавии Макрон бароварда мешаванд?

Сафари Макрон ба Маскав ба муносиботи Русия ва Украина чӣ таъсире гузошта метавонад?

 Владимир Путин имрӯз ҳамтои фаронсавиашро ба ҳузур мепазирад: Эммануэл Макрон ба Маскав меояд, то тақрибан тамоми рӯзро бо раҳбари Русия гузаронад.

Гуфтушунид, чунон ки матбуоти Фаронса хабар медиҳад, асосан дар формати рӯ ба рӯ мегузарад. Пас аз гуфтушунид нишасти матбуотии ду президент дар нақша аст ва барнома бо зиёфати бегоҳирӯзӣ анҷом меёбад, чуноне гуфта мешавад «дар доираи дӯстон».

Таъкид мешавад, ки ин на як сафари ғайридавлатӣ ё ғайрирасмӣ аст. Путин қасд дорад, бо Макрон на барои он суҳбат кунад, ки молики Қасри Елисей «бачаи хуб» аст, балки ин дидор ба хотири он аст, ки Макрон дар Аврупо обрӯи сиёсӣ дорад. Албатта, на ба таври мутлақ, балки нисбӣ. Агар масалан, президенти Фаронсаро бо ҳамон Фон дер Лейен, ки ғайр аз мансабдори бюрократи аврупоӣ чизи дигаре нест, ё бо ҳамон Боррел, муовини фон дер Лейен, ки танҳо унвони хушки «намояндаи олӣ дар умури байналхалқӣ"-ро дорад, муқоса кунем.

Ва дар муқоиса бо Борис Ҷонсон, ки то гӯшаш чунон дар ҷанҷолҳо ғарқ шудааст, ки ягона роҳи наҷот ёфтанаш, истеъфои ихтиёрӣ аз мақоми сарвазирист.

Барои Путин Макрон ҳамчунон ҳамсуҳбати сатҳи баланд боқӣ мемонад, зеро президенти Фаронса, ҳатто агар ӯ дар бораи сиёсати Русия сахт гуфта бошад ҳам, ҳамеша кӯшиш мекард, ба забони дипломатӣ сухан кунад, на луғатеро, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба осонӣ ба даст меовард, ба мизи мудаввар мекашид.

Чунон мегӯянд, ин чанд далели мусбат ба фоидаи Макрон дорад.

Вале далелҳое бар зидди ӯ низ зиёд аст.

Онҳоро худи президенти Фаронса дар мусоҳибаи охиронаш ироа кард.

Макрон айнан чунин изҳор дошт: «Мо мушоҳида мекунем, ки милитаризатсия дар сарҳадҳое, ки Украинаву Русия, Беларус ва Русияро ҷудо мекунанд, чӣ гуна сурат мегирад, инчунин мебинем, ки барои ин аскарони пиёдагард ва нерӯҳои ҳавоӣ истифода мешаванд, мебинем, ки машқҳои низомӣ баргузор мешаванд.

Мо ният дорем, ки нақши боздорандаро иҷро кунем, шиддатро бо роҳи муколама паст кунем ва аз низоъҳои ҳарбӣ даст кашем».

Нуктаи дувум, ки таваҷҷуҳро ба худ ҷалб мекунад, ин аст, ки барои Макрон дар соли 2008 на Гурҷистон иғвои низомӣ ангехт, балки Русия алайҳи ин кишвар таҷовуз кард ва дар соли 2014 на Қрим, ки раъйпурсӣ ташкил карда, сарнавишти худашро ҳал кард, ки ба Россия баргардад, балки Маскав онро забт кард.

Ҳамин гуна нотаҳои симфонияи айбдоркуниҳои зидди Русия дар шарҳи мухтасари намояндаи махсуси президенти Фаронса Пер Вимон, ки ба матбуот маълум гардид, низ шунида шуд.

Ба гуфтаи Вимон, вақте ӯ дар суҳбате, ки бо дипломатҳо дар соҳили Смоленская бо зикри ҳар ду вазъ ба заминаи «рафтори Русия дар арсаи байналмилалӣ» дахл карданӣ шуд, ҳамсуҳбатонаш ба ӯ бо «сукут посух доданд».

Албатта, инҳо то ҳол танҳо пораҳо ҳастанд ва на матои ҳамбастаи гуфтушунидҳо, вале бо вуҷуди ин ҳам ният ва ҳам тамоюлро инъикос мекунанд, ки муколама имрӯз чӣ гуна метавонад ва дар атрофи кадом мавзуъҳо баргузор шавад.



Сарчашама:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.