расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Дидори писари Бин Лоден бо мақомҳои толибон

. / Сиёсат

Дидори писари Бин Лоден бо мақомҳои толибон

Писари раҳбари гурӯҳи террористии «Ал-Қоида» дар поёни соли гузашта бо мақомҳои гурӯҳи толибон дар Афғонистон дидор кардааст

Бар пояи гузориши ҷадиди Созмони Милал, гурӯҳҳои «террористи"-и хориҷӣ, аз «Ал-Қоида» дар шибҳи қораи Ҳинд гирифта то гурӯҳҳои дар Ӯзбекистон, нисбат ба солҳои пешин аз озодии бештаре дар Афғонистон бархурдор шуданд ва писари Усома бин Лодин дар моҳи октябр ҷиҳати мулоқот бо мақомоти толибон ба ин кишвар сафар кард, иттилоъ додааст хабаргузории «ИСНА».

Ба гузориши «Hindustan Times», дар гузориши ахири Шӯрои Амнияти СММ дар бораи ин гурӯҳ гуфта мешавад, ки толибон барои ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои «террористони хориҷӣ» ҳеҷ коре накардаанд.

Гузоришҳо ва иддаоҳо дар бораи пайдоиши ин гурӯҳҳо дар Кобул «шубҳаҳоро боз ҳам пурзӯр мекунанд».

Тими пуштибони СММ ва тими мониторинги таҳримҳо барои ҷори кардани таҳримҳо алайҳи ин гурӯҳҳои «террористӣ» дар ду сол як маротиба чунин гузоришҳо омода мекунанд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки «Ал-Қоида» пас аз табрики толибон бо пирӯзӣ дар 31 августи соли 2021 «сукути стратегӣ» нигоҳ доштааст.

Дар гузориш омадааст, «фазои амниятӣ дар Афғонистон аз 15 август ба таври куллӣ тағйир ёфт.» Маҳз аз замони тасарруфи толибон Афғонистон. Ҳамчунин дар талошҳои толибон барои маҳдуд кардани фаъолияти гурӯҳҳои террористони хориҷӣ дар кишвар нишоне аз тағйирот ба мушоҳида намерасад.

Мувофики ин изхорот, хама чиз баръакс ба назар мерасад; Гурӯҳҳои «террористӣ» аз ҳузури худ дар хоки Афғонистон ҳарчи бештар манфиат мегиранд.

Як узви Созмони Милали Муттаҳид хабар дод, ки Абдуллоҳ, писари Усома бин Лоден, раҳбари шабакаи Ал-Қоида, моҳи октябр ба Афғонистон сафар карда, бо мақомоти Толибон мулоқот кардааст.

Амин Муҳаммад ал-Ҳақ Сомхон, ҳамоҳангсози амниятии Усома бин Лоден, раҳбари кушташудаи «Ал-Қоида» низ дар авохири моҳи август ба манзилаш дар Афғонистон баргашт.

Бар асоси ин гузориш, шумори фаъолони «Ал-Қоида» дар ншибҳаи қораи Ҳинд аз 200 то 400 нафар гуфта мешавад, ки аксаран аз шаҳрвандони Афғонистон, Бангладеш, Ҳинд, Мянмар ва Покистон мебошанд.

Илова бар ин, дар як таҳаввулоти нигаронкунанда, кишварҳои узви Созмони Милал гузориш доданд, ки ҳангоми ба қудрат расидани толибон ҳазорон зиндониҳо озод шуда, шумори ҷангҷӯёни ДИИШ аз 2200 то 4000 нафар афзоиш ёфтааст.

Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.