расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Имомзода аз бозпурсиву фишор болои донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон гуфт: Наравед!

. / Сиёсат

Имомзода аз бозпурсиву фишор болои донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон гуфт: Наравед!

Вазорати маорифи Тоҷикистон аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекунанд, ба таври қатъӣ талаб кард, ки бо далели номуаянии вазъ аз сафар ба он кишвар худдорӣ кунанд

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, то имрӯз барои донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон ягон монеае набуд, аммо ҳоло амнияти шаҳрвандони мо дар он кишвар таъмин карда намешавад.

Ӯ гуфт, ҷониби Тоҷикистон ягон ғаразу ҳадафи дигар надорад, аммо аз донишҷӯён даъват мекунем, ки ҳоло нараванд, зеро бо ҳар баҳона онҳоро пурсиш мекунанд, фишор меоранд.

«Ҳоло раванди номатлуб пайдо шудааст, ки баъзе донишҷӯёни мо бозгашта истодаанд. Аз онҳо хоҳиш кардем,ки нараванд. Чун номуаянӣ аст. Амнияту саломатии онҳоро касе кафолат намедиҳад», — таъкид кард вазир.

Ин ниҳод ҳамзамон аз боздошти як донишҷӯи тоҷик, ки тавассути кишвари сеюм вориди Қирғизистон шудааст, хабар дор.

Имомзода гуфт, дар умум дар Қирғизистон зиёда аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекарданд, аммо бо қарори манъи вуруд ба он кишвар аз ин муҳассилин даъват шуд, ки агар хоҳанд, ба донишгоҳҳои ватанӣ пазируфта мешаванд.

«Ҳар нафаре, ки ба мо муроҷиат кард, дастгирӣ кардем, ба донишгоҳҳои гуногуни шаҳру минтақаҳои кишвар, ба ихтисосҳои худашон мувофиқ онҳоро дастгирӣ кардем, ки дохил шаванд», — гуфт вазир.

Ба гуфтаи Имомзода, ҳолатҳое ҳаст, ки онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоранд, ягон мавод надоранд, ки онҳоро қабул кунем, аммо бо вуҷуди он дар асоси як аризае, ки тавассути он муроҷиат карданд, онҳоро қабул кардем.

«Баъзан ҳолатҳо ҳаст намедонем, ки нафар дар Қирғизистон воқеан таҳсил кардааст ё на, лекин бо вуҷуди он мо дастгирӣ кардем. Қисми зиёди онҳо дар донишгоҳҳои кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ҳоло 464 нафар бидуни ягон ҳуҷҷати аслӣ ба курс, ба ихтисоси мувофиқ интиқол дода шуданд», — афзуд мавсуф.

Варизи маориф мегӯяд, ба ҷониби Қирғизистон расман муроҷиат карда истодаанд, аммо мутаассифона, донишгоҳҳои он кишвар ҳуҷҷатҳои лозимаро намедиҳанд, чун намехоҳанд аз донишҷӯи хориҷии худ, ки бо шартнома таҳсил мекунад, маҳрум шаванд.

Номбурда гуфт, ин вазъ барои вазорат хеле мушкилиҳои зиёд эҷод кард.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.