расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ЯК СОКИНИ ИСФАРА КУШТА ШУД. БА ХОНААШ МУШАК ЗАДААНД. ЧАНД КАС ЗАХМӢ. ОДКБ ХОСТОРИ ҚАТЪИ ФАВРИИ ДАРГИРИҲО ШУД

Сиёсат / Ҷомеа

ЯК СОКИНИ ИСФАРА КУШТА ШУД. БА ХОНААШ МУШАК ЗАДААНД. ЧАНД КАС ЗАХМӢ. ОДКБ ХОСТОРИ ҚАТЪИ ФАВРИИ ДАРГИРИҲО ШУД

Як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар даргириҳоеки ҳамин ҳоло дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нуқтаи марзии Исфара ва Бодканд кушта шудаастАз ин сокини кушташуда Обидҷон Тӯйчиев ном бурда мешавад, ки сокини деҳаи Хоҷаи Аъло буда дар натиҷаи партоби гулӯла (снарядба хонааш ҷон бохтааст.
Дар ин бора аз ҳукумати Исфара ба “Азия – Плюс” хабар доданд.
Дар ҳоли ҳозир, бино ба иттилои дарёфтии “Азия-Плюс” аз Беморхонаи марказии Исфара то кунун 6 захмӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар ин бемористон бистарӣ шудааст. Аз шумори захмиён ду нафар низомӣ гуфта мешавад. 
Дар ҳоли ҳозир ҷониби Қирғизистон дар бораи захмиҳо хабаре надодааст.

Тирпаронии шадид дар чорроҳии деҳаи Сомониён ҷараён дорад. Ҳамчунин садои тирпарониҳо аз қисмати болои ҷамоати Чоркӯҳ низ шунида мешавад, хабар медиҳад як манба аз ҳукумати Исфара ба “Азия-Плюс”.
Станислав Зас, дабири кулли СПАД аз ҷонибҳои даргир хостори оташбаси фаврӣ дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон шуд.
Чанде қабл Станислав Зас бо Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Насрулло Маҳмудзода ва Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, Марат Имонқулов суҳбати телефонӣ анҷом дод, ки дар ҷараёни он дабири кулли СПАД хостори оташбаси фаврӣ миёни ҷонибҳо шуд. Дар ин бора odkb-csto.com хабар медиҳад. 
“Даргириҳои дубора дар марзки дар натиҷаи он захмӣ вуҷуд дораднигаронии ҷиддиро ба бор овардаастМуқовимати мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд фавран қатъ карда шавадНизоъ бояд танҳо дар сари мизи музокирот бо роҳи сулҳомез ҳал шавад СПАД омода аст ба Қирғизистону Тоҷикистон дар ҳалли ин масъала кумаки зарурӣ расонадИтминон дорамки раҳбарияти ҳарду кишвари узви СПАД роҳҳои қобили қабули ҳалли ин мушкили сарҳадӣ барои ҳарду ҷонибро пайдо хоҳанд кард”гуфтааст дабири кулли СПАД Станислав Зас.
Манбаъ: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/security/20220127/yak-sokini-isfara-kushta-shud-ba-honaash-mushak-zadaand

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.