расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ТОҶИКИСТОН АЗ ЯК КУШТА ВА 17 ЗАХМӢ ХАБАР ДОД, ҚИРҒИЗИСТОН – ТАНҲО АЗ 4 ЗАХМӢ (ВИДЕО)

Сиёсат / Ҷомеа / Ҳаводис

ТОҶИКИСТОН АЗ ЯК КУШТА ВА 17 ЗАХМӢ ХАБАР ДОД, ҚИРҒИЗИСТОН – ТАНҲО АЗ 4 ЗАХМӢ (ВИДЕО)

Як мақоми идораи тандурустӣ дар шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳонаи шом ва шаби 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон 17 нафар  захмӣ шудаанд. Ҳамсуҳбати Озодӣ бе зикри ном гуфт, баъзе аз захмиён низомӣ ва қисми дигар сокинони оддӣ ҳастанд. “Ҳамаи онҳо дар бемористони марказии шаҳри Исфара бистарӣ карда шудаанд,” — афзудааст ӯ.
Ба иттилои дарёфтӣ, дар миёни захмиён мудири Шуъбаи ташкилии шаҳри Исфара низ будааст. Манобеъ мегӯянд, ӯ аз пойи росташ захм бардошта, дар шуъбаи шикастабандии бемористони марказӣ бистарист.
Маълум нест, ки оё дар шифохонаҳои ҷамоати Чоркӯҳ ва Ворух низ захмиёнро ҷой кардаанд ё не.
Қаблан гузориш шуда буд, ки бар асари ба хонааш расидани як мушак сокини 36-солаи деҳаи Хоҷаи Аъло Обидҷон Тӯйчиев ба ҳалокат расидааст.
Ҷониби Қирғизистон то ҳол тир хӯрдани танҳо 4 нафар аз низомиёнашро тасдиқ кардааст.  Ҳамоҳангсози масоили тандурустии вилояти Бодканд Орзубек Борубеков гуфт, ин 4 ҳарбии захмиро бо ду мошини “Ёрии таъҷилӣ”и Маркази тибби оилавии вилоятӣ аз деҳаи Кӯктош дар марз бо Тоҷикистон ба бемористони муттаҳидаи вилоятӣ оварда истодаанд. Хадамоти матбуоти вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, ҳамаи ин 4 нафар аз силоҳи оташфишон ҷароҳат бардоштаанд.
Қӯшунҳои марзбони Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро дар сар кардани муноқишаи  ахир айбдор мекунанд.
Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.
Хунинтарин муноқиша дар ин қисмати марз дар поёни моҳи апрели соли 2021 рӯй дод, ки дар натиҷаи он аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии ҷумҳуриҳои муосири Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Он вақт ҷониби Тоҷикистон аз ҳалокати 19 нафар ва ҷароҳат бардоштани 87 каси дигар хабар дод ва ҷониби Қирғизистон  аз ҳалокати 36 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 150 тани дигар.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.