расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Баррасии омӯзиши кадрҳои коргарӣ дар дидори мақомоти Тоҷикистону Эрон

. / Сиёсат

Баррасии омӯзиши кадрҳои коргарӣ дар дидори мақомоти Тоҷикистону Эрон

Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон ва табодули назар дар бораи муносибатҳои дуҷониба дидори вазири вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар бо сафири Эрон дар Душанбе баргузор шуд

Дар дидори Ширин Амонзода, вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе чандин масоили муҳими ҳамкорӣ аз ҷумла дар бахши таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон, корофарӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати меҳнат.

Матбаъ иттилоъ додааст, ки тарафҳо вобаста ба муносибатҳои дуҷониба дар самти касбомӯзӣ, тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси коргарӣ ибрози андеша намуданд.

«Зимни мулоқот тарафҳо масоили муҳими ҳамкориро дар соҳаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон, корофарӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва рушди ҳунармандӣ баррасӣ намуданд», — иттилоъ додааст манбаъ.

Ҳамзамон тарафҳо барои иҷрои ҳадафҳо, ки дар Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи Эрон дар ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаи кор, омӯзиши касбӣ ва техникӣ дарҷ шудаанд, баррасӣ карданд.

Аз ҷумла, тараҳо вобаста ба мубодилаи таҷриба дар самти касбу ҳунарҳои муосир бо истифода аз зарфиятҳои Эрон, баланд бардоштани малакаи устоҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омӯхтани фаъолияти Муассисаи тадқиқоти меҳнати Эрон ва дигар масоили муҳими соҳавӣ мубодилаи афкор нкарданд.

Вазорати меҳнат қайд кардааст, ки ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои рушди муносибатҳо дар самти меҳнат ва омӯзиши кадрҳои коргарӣ таъкид карданд.

Тарафҳо зикр карданд, ки истифодаи зарфиятҳои дуҷониба ба шакли рӯнамо дар ҷаласаи нахустини гурӯҳҳои корӣ, ки рӯзҳои наздик ба таври маҷозӣ баргузор мегардад, муаррифӣ ва мушаххас карда мешаванд.

Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.